ХУШХАБАР! Аввалин дору барои коронавирус пайдо шуд. Санҷиши он дар ИМА муваффақона анҷом пазируфт

Май 1, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 01.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Озмоишҳои  доруи  «Ремдесивир» нишон доданд, ки  он  метавонад  садди роҳи вируси  Covid-19  бишавад. Коршиноси пешбари бемориҳои сироятӣ, доктор  Энтони Фаучӣ изҳор намудааст, ки дору алайҳи коронавирус — «Ремдесивир» баъди озмоиш натиҷаҳои  хеле хубро нишон дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба CNBC

Озмоишҳои  васеи доруи  зиддивирусии «Ремдесивир» собит намудаанд, ки он дар муқовимат бо сирояти  коронавируси  Covid-19 самарабхш  хоҳад буд, хабар медиҳад  Би-Би-Си. Натиҷаҳои пешакӣ  ба дастомада далели мӯътамади ин гуфтаҳоянд. Донишкадаи миллии аллергия ва бемориҳои сироятии  ИМА дар ин бора изҳороти вижаеро нашр кард, ки самаранокии доруи номбурдаро тасдиқ менамояд.

Дар санҷише, ки бештар аз ду моҳ давом кард,  зиёда аз 1000  гирифторони коронавируси  Covid-19 аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Осиё ва Аврупо ширкат намуданд.

Агар  натиҷаҳои  ниҳоӣ ва қаблии тадқиқот дар самаранокӣ тафовути сахт надошта бошанд, пас  метавон гуфт, ки  «Ремдесивир» давоест, ки озмоиши клиникиро  бар зидди  Covid-19  мауваффақона паси сар намудааст.

«Ремдесивир» ба гурӯҳи доруҳои зиддивирусӣ шомил мешавад.

Ин дору соли 2015 барои маҳв сохтани бемории Эбола бароварда шуда, бо қобилияти фишороварии хеш садди роҳи  афзоиши вирус  мегардад.

                                                                       АКС аз бойгонӣ

Май 1, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Клубҳои шабона, барҳо ва тарабхонаҳо дар Швейтсария макони асосии сироятёбӣ бо коронавирус шудаанд
Дар 126 кишвар ҳамарӯза рушди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад
Духтур Мясников дар мавриди наҷот ёфтан аз раванди шадиди коронавирус тавсия дод
Тавсияҳои СУТ дар мавриди таҷлили Иди Қурбон ва гирифтор нашудан ба COVID -19
28-29 июл дар Замин тӯфони хатарноки геомагнитӣ ба вуқӯъ меояд
Вазорати мудофиаи Россия 8 тонна таҷҳизотро барои мактабҳои россиягӣ дар Тоҷикистон интиқол дод
Дар Қирғизистон ва Туркманистон ҳам бо сабаби пандемия намози Иди Қурбонро манъ намуданд
Сабаби 12 маротиба зиёд шудани хатари марг ҳангоми коронавирус гуфта шуд
Дар Ӯзбекистон ҳаракати нақлиёти автомобилӣ комилан мутавақиф шуд
ОЁ ДАР МИРРИХ ҲАЁТ ВУҶУД ДОРАД? Чин ҷиҳати таҳқиқи «сайёраи сурх» қамари сунъиро ба фазо партоб намуд
Натиҷаҳои озмоиши ваксинаҳои зидди коронавируси британиягӣ ва чинӣ интишор шуданд
Исми кишваре, ки аз коронавирус бурд намудааст, маълум шуд