Мутахассисони шаҳру вилоятҳо ҷиҳати ташхиси COVID-19 ба даври омӯзишӣ фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати ташхиси коронавируси COVID-19 давраи омӯзишӣ оғоз шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, давраи омӯзишии мазкур аз 20 то 24 май идома ёфта, мақсад аз он пешгирӣ, ташхис ва мубориза бо коронавируси нав мебошад.
Дар ҳамоиши омӯзишӣ сармутахассиси вирусологии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” профессор Фая Тишкова ва мутахассиси озмоишии минтақавии USAID Замира Байдуллоева вобаста ба ҳадафҳои асосии пешгирӣ, ташхис ва мубориза ба коронавирус сухан карда, тарзи дуруст ташхис намудани бемории COVID-19-ро ба ҳозирин фаҳмониданд.
Инчунин аз ҷониби мутахассисони «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза ва корҳои практикӣ пешниҳод шуда, бо иштирокчиён муҳокимарониҳои судманд доир гардид.
Ҳамоиши омӯзишӣ бо супориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода доир шуда, дар он мутахассисони соҳавӣ- 4 нафар аз шаҳри Душанбе, 4 нафар аз шаҳри Кӯлоб, 4 нафар аз шаҳри Бохтар ва 6 нафар аз шаҳри Хуҷанд иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои наздик дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд озмоишгоҳҳои махсус ҷиҳати ташхис намудани мавҷудияти коронавирус COVID-19 барқарор карда мешаванд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






