Новосибирск: Оилаи Бобоҷоновҳо ба ҳамватанони бекормонда кумак карданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкор Раҳимҷон Бобоҷонов ва бародаронаш Шарафҷон ва Зафарҷон Бобоҷоновҳо, ки айни замон дар Федератсияи Россия кору иқомат доранд, аз ҳисоби даромадҳои софашон барои зиёда аз 600 нафар ҳамватаноне, ки айни ҳол бо сабаби бекорӣ дар Россия банд мондаанд, донишҷӯёни тоҷик, ҳамчунин маъюбону солхӯрдагон новобаста аз миллату халқияташон дар ҳаҷми 3 миллион рубли русӣ кумаки хайриявӣ расониданд.
Инчунин дар кишвари Красноярск дар ҳаҷми як миллион рубли русӣ барои эҳтиёҷмандон, донишҷуйёну муҳоҷирони меҳнатӣ кумаки ин ҷавонмарди ободкору дастбахайри тоҷик расонида шуд. Чунин кумакҳо ба ҳамватанон ва донишҷуйёни тоҷики вилояти Томск ҳам аз ҷониби ин бародарон эҳдо гардид.
Оилаи саховатманду некукору ҷавонмардони тоҷик Бобоҷоновҳоро кулли ҳамватанон дар Тоҷикистон ва дар Федератсияи Россия ҳамчун инсонҳои дастбахайру ободкору боҳиммат мешиносанду эҳтироми хоса доранд. Дар асоси амру дастурҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибонаи оилаи маъруфи Бобоҷоновҳо чӣ дар ватану чӣ дар Федератсияи Россия аз ҳуввияти баланди ободкориву ватандӯстиашон, аз дастгириҳои сиёсати имрӯзаи Ҳукумату давлати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Амали неку ҷавонмардонаи Раҳимҷон Бобоҷонов ва бародаронаш Шарафҷон ва Зафарҷон Бобоҷоновҳо дар моҳи мубораки Рамазон, дар вақти мушкилии ҳамватанон дар Федератсияи Россия бори дигар аз дорои хислатҳои азалии ҳиматбаландию саховатманд будани тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Садбарги БОҚӢ,
Хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст






