Роҳбари Ҳайати СУТ Патрик О’Коннор: Тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъи COVID-19 на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсир мерасонанд

Май 12, 2020 18:13

ДУШАНБЕ, 12.05.2020  /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба марҳилаи паҳнкунии коронавируси COVID-19 ворид шуд. Тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъ на танҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсир мерасонанд. Дар ин бора имрӯз Роҳбари ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Патрик О’Коннор зимни нишасти хабарии мустақим, ки дар он сафари намояндагони созмонро ба Тоҷикистонро натиҷагирӣ менамуд, тазаккур дод.

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ беш аз 10 ҳазор нафар бо чораҳои карантинӣ фаро гирифта шуданд. Ҳукумати мамлакат бо СУТ ва дигар шарикон дар мубориза бар зидди COVID-19 ҳамкорӣ мекунад. Вазорати тандурустӣ дарк менамояд, ки бидуни ҳамбастагии умумӣ ба муваффақият ноил шудан ғайриимкон аст.

Патрик О’Коннор мутаъқид сохт, ки  СУТ  ба маълумоти Вазорати тандурустии  ҷумҳурии мо боварӣ дорад ва дар оянда дар ҳама марҳилаҳои вокуниш ба пайдоиши COVID-19 ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

«Ҳамеша мебояд ба фарзияи бадтарин бо роҳи омодагии муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ ба зиёд шудани шумораи сироятёфтагон, аз ҷумла омӯзиши мутахассисон ва кормандони соҳаи тиб, омода буд. Ҳоло фурсати таҳкими низоми тандурустӣ ва ҷалби аҳли ҷомеа барои ҳалли ин мушкилот фаро расидааст.

Гарчанде COVID-19 мушкилоти тандурустӣ аст, вале сарукор бо ин беморӣ ҷалб намудани ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, мақомоти ҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро, ки бояд вокунишро ба хуруҷи COVID-19 тақвият бахшанд, талаб мекунад.

«Мардум бояд донанд, ки чораҳои асосии мубориза бар зидди пандемия ин риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдошти ҷамъиятӣ, мавҷудияти ниқоб ва  нарафтан  ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Ин чизест, ки имрӯз ҳам СУТ ва ҳам Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавсия медиҳанд ва риояи ин тавсияҳо зарур мебошад», — гуфт роҳбари ҳайати СУТ.

Зимни нищасти хабарӣ таъкид гардид, ки чорабиниҳои вокуниш ба хуруҷи беморӣ метавонанд аз 12 то 18 ҳафтаи оянда идома ёбад, яъне бояд дар ин давра эҳтиёткор бошем.

Ёдовар мешавем, ки Ҳайати СУТ аз 1 май инҷониб дар Тоҷикистон қарор дорад. Ҳайат бо шахсони баландпоя, шарикон дар соҳаи тандурустӣ ва коршиносони ҷумҳурӣ мулоқот кард.

Ҳадафи асосии боздид он мусоидат намудан дар арзёбии хатарҳо ва арзёбии вазъ дар ҷойҳо, инчунин таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори таҷрибавӣ ва лабораторӣ мебошад.

Май 12, 2020 18:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон