Роҳбари Ҳайати СУТ Патрик О’Коннор: Тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъи COVID-19 на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсир мерасонанд
ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба марҳилаи паҳнкунии коронавируси COVID-19 ворид шуд. Тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъ на танҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсир мерасонанд. Дар ин бора имрӯз Роҳбари ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Патрик О’Коннор зимни нишасти хабарии мустақим, ки дар он сафари намояндагони созмонро ба Тоҷикистонро натиҷагирӣ менамуд, тазаккур дод.
Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ беш аз 10 ҳазор нафар бо чораҳои карантинӣ фаро гирифта шуданд. Ҳукумати мамлакат бо СУТ ва дигар шарикон дар мубориза бар зидди COVID-19 ҳамкорӣ мекунад. Вазорати тандурустӣ дарк менамояд, ки бидуни ҳамбастагии умумӣ ба муваффақият ноил шудан ғайриимкон аст.
Патрик О’Коннор мутаъқид сохт, ки СУТ ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурии мо боварӣ дорад ва дар оянда дар ҳама марҳилаҳои вокуниш ба пайдоиши COVID-19 ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.
«Ҳамеша мебояд ба фарзияи бадтарин бо роҳи омодагии муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ ба зиёд шудани шумораи сироятёфтагон, аз ҷумла омӯзиши мутахассисон ва кормандони соҳаи тиб, омода буд. Ҳоло фурсати таҳкими низоми тандурустӣ ва ҷалби аҳли ҷомеа барои ҳалли ин мушкилот фаро расидааст.
Гарчанде COVID-19 мушкилоти тандурустӣ аст, вале сарукор бо ин беморӣ ҷалб намудани ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, мақомоти ҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро, ки бояд вокунишро ба хуруҷи COVID-19 тақвият бахшанд, талаб мекунад.
«Мардум бояд донанд, ки чораҳои асосии мубориза бар зидди пандемия ин риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдошти ҷамъиятӣ, мавҷудияти ниқоб ва нарафтан ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Ин чизест, ки имрӯз ҳам СУТ ва ҳам Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавсия медиҳанд ва риояи ин тавсияҳо зарур мебошад», — гуфт роҳбари ҳайати СУТ.
Зимни нищасти хабарӣ таъкид гардид, ки чорабиниҳои вокуниш ба хуруҷи беморӣ метавонанд аз 12 то 18 ҳафтаи оянда идома ёбад, яъне бояд дар ин давра эҳтиёткор бошем.
Ёдовар мешавем, ки Ҳайати СУТ аз 1 май инҷониб дар Тоҷикистон қарор дорад. Ҳайат бо шахсони баландпоя, шарикон дар соҳаи тандурустӣ ва коршиносони ҷумҳурӣ мулоқот кард.
Ҳадафи асосии боздид он мусоидат намудан дар арзёбии хатарҳо ва арзёбии вазъ дар ҷойҳо, инчунин таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори таҷрибавӣ ва лабораторӣ мебошад.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






