Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»-ро баррасӣ намуд

Май 18, 2020 11:39

ДУШАНБЕ, 18.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст. Мақсад ва моҳияти лоиҳаи Қонуни мазкур дар тавзеҳномаи лоиҳаи номбурда дарҷ гардидааст. 

Ин нукта имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки дар он  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, иброз гардид.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти  Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт»  иброз гардид, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро муқаррар намуда, ба таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон оид ба ҷуброн намудани зараре, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки онҳо зимни истифодаи воситаҳои нақлиёт расонида шудааст, равона гардидааст.

Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои  муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

 

Май 18, 2020 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон