Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон масоили мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирусро баррасӣ намуданд

Май 11, 2020 09:08

ДУШАНБЕ, 11.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 май  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Элмар Мамедяров суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирони корҳои хориҷӣ якдигарро бо ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Рӯзи Ғалаба минбаъд низ ҳамчун замина барои рушди муттасили муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон хизмат хоҳад кард.

Мусоҳибон масоили мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирусро муҳокима намуда, якдигарро дар бораи вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ дар ду кишвар огоҳ карданд ва омодагии худро барои кори муштарак дар ин самт тасдиқ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Элмар Мамедяров барои кумаки башардӯстона, ки 7 май ба Тоҷикистон  дар шакли лавозимоти тиббӣ ворид гардид, изҳори миннатдорӣ кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

                                                                                    Акс аз ВКХ ҶТ

Май 11, 2020 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид