Зубайдулло Давлатов: «Барои дарки возеҳи моҳияти ҳодисаву рӯйдодҳо ва бардошти сабақи дуруст бояд тасмимҳои бехато ва саҳеҳ гирифта шаванд»

Май 30, 2020 12:42

 ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз оламро хуруҷ ва густариши вируси COVID-19 ба воҳимаву таҳлука овардааст. Ҳолатҳои бисёр ҳассоси равонӣ, тарс, ҳаяҷони баланд андешаву фикри солимро кунду карахт мекунанд. Чунин вазъ ба кас имкон намедиҳад, ки амалҳоро дар тарозуи хирад баркашида, анҷом диҳад. Тафаккури таърихӣ имкон медиҳад, ки барои моҳияти ҳодисаҳо, мазмунан дуруст дарк кардани рӯйдодҳои пешин ва бардошти сабақи дуруст барои имрӯзу фардо тасмимҳои бехато ва дуруст  гирифта шавад.

Тӯли таърих борҳо шудааст, ки худшиносии маънавиасос миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшидааст. Агар миллат ва фардҳои он маърифати таърихии маънавиасос дошта бошанд, бо донишу илмҳои пешқадами замон мусаллаҳ гарданд, пас, ин гуна миллат аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои мушкил баромада метавонад. Фаромӯш набояд кард, ки маънавиёт шаҳсутуни худшиносист. Чунин андеша дорад сардори Раёсати таъминоти иттилоотии      Маркази тадқиқоти стратегии назди   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ.

Дар зер  мулоҳизаҳои  мавсуф манзури хонандагон   гардонида мешавад.

Миллати тоҷик маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба ягонагию якдилӣ ва  ваҳдати миллӣ расид. Дар ин давра худшиносии миллат мазмуне пайдо кард, ки ҷавобгӯйи ормонҳои ӯст.

Имрӯз, ки ҷаҳон дар ҳолати тағйирёбии ҳамешагист, масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ барои миллат бояд масъалаи бисёр муҳим бошад. Бидуни ин сиёсати давлат муваффақ намешавад ва ҳадафҳои пешгирифтаи он ба таври дуруст амалӣ намегарданд. Бархӯрди тамаддунҳо, таъсири  арзишҳои нави фарҳангию сиёсӣ ба хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ таъсири мусбат ва манфӣ низ расонида метавонад.

Ба ташаккули хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ омилҳои зиёде таъсири манфӣ расонида метавонанд. Чунин хусусиятҳои манфии одамон,  ба монанди худпарастӣ, манфиатҷӯйӣ, беномусӣ, бадхашмии беасос, муносибати беэҳтиромона нисбат ба давлату Ватан, ниҳодҳои иҷтимоӣ дар вуҷуди  одамон эҳсоси бегонапарастиро вусъат мебахшад. Дар шароити давлати соҳибистиқлол то кадом дараҷа хештаншинос будан ва сатҳи ҳувияти миллии баланд доштани ҳар як шаҳрванд барои тақдири давлату миллат беаҳамият нест.

Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди маънавиёти халқ, дарки сабақҳои таърихӣ, ҳисси ифтихор аз Ватану миллат барои пешрафти ҳувият ва хештаншиносӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Ин масъалаи муҳимест, ки на танҳо дар даврони истиқлолияти давлатӣ, балки аз оғози таърих то ҳол диққати андешаварзон, файласуфон, олимони ҷомеашинос, ходимони сиёсӣ, арбобони фарҳангу ҳунарро чун оҳанрабо ба худ ҷалб мекунад. Ҳар ду омил– хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар низоми арзишҳои инсонӣ мавқеи калидӣ доранд.

Худшиносӣ ҳамчун воситаи асосии ташаккули шуури ватандӯстона дар ҷомеа сабаби  пайдоиши ваҳдату ҳамгироӣ гардида, суботу пешрафти онро таъмин менамояд. Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар низоми арзишҳои инсонӣ яке аз арзишҳои калидӣ мебошанд. Ин ду арзиш қудрати сафарбарнамоӣ, тарбиявӣ, ташвиқотӣ  ва муттаҳидкунанда дошта, муносибатҳои байни одамонро дар ҷомеаи шаҳрвандию муносибатҳои сиёсӣ танзим намуда метавонанд. Хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ ду омиле мебошанд, ки мағзи тамаддуни инсоният ва фарҳанги як фардро ташкил медиҳанд. Ин мафҳумҳо танҳо дар якҷоягӣ бо мафҳумҳои ватан, давлат ва миллат маънӣ  пайдо мекунанд ва шаклан дар якҷоягӣ ташаккул меёбанд.

Дар давраҳои ҳассосу душвори сиёсӣ тамоми неруҳои рӯҳии инсон фаъол мегарданд. Дар давлату ҷомеа зиндагӣ намуда,  аз сиёсати давлат берун будан ё мувофиқ ба талаботи расмии ҷомеа назистан  имкон надорад. «Мо метавонем ба сиёсати ҷаҳонӣ кор надошта бошем, аммо сиёсати ҷаҳонӣ ба мо кор дорад. Яъне шинохтани сиёсати ҷаҳон, шинохтани фаъолу ҳушмандона барои мо фарз аст.

Аввалин, заруртарин, муассиртарин қадами ин фарз андешаи ваҳдати миллат аст,  ваҳдати пӯлодин ва устувору осебнопазир. Дар назар ҳам дошта бошем, ки имрӯз хатти набардҳои беамон на дар ҷабҳаи Сурия, балки хатти набард дар зеҳнҳои мо мегузарад. Набарди ҷаҳонӣ  барои тасарруфи андешаҳо ҷараён дорад.

Табиати инсон низоъ  ва ихтилоф дорад, аммо инсон бояд қудрате дошта бошад, ки ин ихтилофу низоъҳои ногузирро лаҷом зада тавонад. Ин гуфтугӯҳо, малолу хафагиҳо метавонад дар хонавода бошад. Миёни дӯстон бошад, дохили ҳизбҳо бошад, аммо ба манфиати миллат роҳ наёбад. Рахна дар ваҳдати миллӣ, рахна дар тақдири ҳар як шаҳрванд аст, тири ҳалокати ҳар як нафар аст (Назри Яздонӣ, китоби «Ойини ойина», нашрияи «Хуросон»,  2018, саҳ. 354).

Худшиносии миллии даврони истиқлолияти давлатӣ ва худшиносӣ умуман,  дар заминаи шинохти таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, диниву мазҳабӣ, дар асоси шинохти хусусиятҳои миллӣ, дарки мазмун, моҳият ба як шакли дурусти мусбат сурат мегирад.

Мутобиқи таърифи Самуел Хантингтон,  худшиносӣ худро дарк кардани шахс ё гурӯҳ аст, ки дар раванди он шахс ва ё гурӯҳ хосиятҳои муҳими худро идрок намуда, худро аз шумо ва моро аз дигарон тафовут мегузорад. Худшиносӣ чаҳор аломати асосӣ дорад:

– он ба шахсони алоҳида ва гурӯҳи одамон хос аст;

– дорои хосияти тартибдиҳӣ ва созандагист;

–таҷассуми хосиятҳои зиёди худшиносӣ дар ашхос,  аз қабили навъҳои нажодӣ, ҳудудӣ, иқтисодӣ,  фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ;

–он муносибати «бо худ будан»-ро ифода мекунад.

Оғози худшиносӣ дар заминаи шаклгирии инсон ҳам маънаван ва ҳам расман сурат гирифта, ба ибораи дигар,  ин дарки худ, қонеъ кардани талаботи худ ва ҳифз кардани худ аз таъсири ногувори атроф аст. Донишмандони тоҷик раванди рушду тавсеаи худшиносии миллии муосири тоҷикро ба 5 марҳала даврабандӣ намудаанд:

1).Ташаккул ёфтани равандҳои демократӣ дар солҳои 90-уми асри хх ва пазируфта шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ.

2). Ба даст овардани истиқлоли сиёсии давлати Тоҷикистон ва густариши озодии виҷдон.

3). Зинда кардани ҳофизаи  таърихӣ, хусусан, таваҷҷуҳ ба мероси таърихӣ ҳамчун воситаи худшиносии миллӣ ва заминаи бунёди давлати миллӣ.

4). Консепсияи Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон.

5). Баҳамоии худшиносии миллӣ ва худшиносии динӣ.

Худшиносӣ дар таърихи миллат решаҳои амиқ дорад. Низоми таълиму тарбия барои ривоҷи худшиносии мактабиёну ҷавонон беҳтарин восита аст, аммо дар барномаи таълимии мактабҳои ҳамагонӣ барои омӯзонидани фанни таърихи Тоҷикистон ҳамагӣ ду соат дар як ҳафта ҷудо шудаасту халос. Чаро олимони соҳа хомӯшанд ва бонги изтироб намебардоранд? Охир,  барои омӯзиши фанҳои забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ соатҳо бештар ҷудо шудаанд ку. Адолатро бояд барқарор кард. Ғайри омӯзиши амиқи таърихи миллат, забон, адабиёту фарҳанги он барои дар ниҳоди шаҳрвандон тарбия намудани хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ватанпарварӣ дигар чорае нест!  Агар ба ояндаи нек умед бандем, ин ояндаро сохтанӣ бошем, пас тафаккури таърихӣ ва диди таърихии шаҳрвандонро ҳамчун раванди пайвастаю ҳамешагӣ ташаккул бояд дод. Таҷрибаи зиндагӣ, таъриху забону адабиёти миллат аз фард ба фарзандон, аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслҳо ва аз наслҳо ба миллат ба мерос мегузарад ва онҳо низ арзишҳои миллианд. Забон ҳарфи аввали алифбои сиёсӣ ва заминаи асосии худшиносии миллӣ мебошад.

Худшиносии шахс ё ҷомеа бе хотираи таърихӣ ташаккул намеёбад. Муҳите, ки мо дар он таваллуд шудаем, камол меёбем,  ин муҳит рӯҳу равони моро шакл медиҳад. Берун аз ин муҳит рӯҳу равони мо ором намегирад, муҳити дигар бароямон носозгор аст ва худро роҳат эҳсос намекунем. Ҳар миллат вижагиҳои худро дорад ва мо, тоҷикон низ истисно нестем.

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати мо марҳалаи нав аст. Моро зарур аст, ки хешро амиқу аниқ шиносем, анъана, урфу одат ҷашну маросимҳоямонро эҳтиром намоем.

Худшиносӣ  асоси илмӣ дорад. Худшиносии ҳар як тоҷик аниқ ташаккул ёбад, пояи илмӣ дошта бошад, он гоҳ фард фарди тоҷикон хештанро Ватанро таъриху забонашонро меомӯзанд ва дӯст медоранд. Ватанро мисли модар дӯст бояд дошт ва мисли гавҳараки чашм ҳифз  кард. Имрӯз раванди умумиҷаҳонии муҳоҷирати меҳнатӣ ба воқеият табдил ёфтааст. Қисме аз ҳамватанони мо ба зарурати рӯзгор дар Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ба ҳайси муҳоҷири корӣ кор мекунанд. Аз онҳо пурсед, ҳатман аз сӯзу сози Ватан ва фироқи он ҳарф мезананд. Охир, қиблаи мусофир Ватан аст! Рӯҳаш, чашмонаш, дилаш пазмони Ватан аст.

Ҳувияти миллӣ даъватест ба ягонагии миллӣ.

Ҳувияти миллӣ ҳамчун истилоҳ, ба маънои маҷмӯи омезишёфтаи арзишҳо ва нишондиҳандаҳои зотӣ ва усулиест, ки моҳият ва сифатҳои бунёдии як миллатро инъикос намуда, тафовути асосии он миллат аз миллатҳои дигарро муайян мекунад.  Маҳз ҳамин маҷмӯи омезишёфтаи сифатҳо асолати миллат ва асоси назарӣ ва амалии ҳамчун як миллати шинохта шудани воҳиди этнофарҳангиро ташкил медиҳад, то ҳадде, ки бақои миллии худи миллат ба бақои ин сифатҳо бисёр вобаста мебошад.

Бемориҳои инсонро бо дору дармон мебахшанд. Мушкилоту дардҳои ҷомеаро бо амалҳои фоидаовар, созанда ва сухани аниқу санҷидашуда, таскинбахш, бо сухане, ки интизори шуниданаш ҳастанд, дармон бахшидан мумкин аст.

Инсон худ меъмори худ аст. Танҳо кас худаш сираташро дигар карда метавонад. Худсозу худсӯз аст инсон. Чашм зоҳирбин аст. Бо чашм бинӣ,  бовар мекуниву дарк не. Чашм танҳо имрӯзро мебинад. Ботинбин дунёро бо ақлаш мебинад. Тавассути хирад гузаштаю ояндаро дидан имкон дорад. Пас дунёро бояд бо нури ақл диду бо хирад дарк намуд.

Май 30, 2020 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ БОЯД ТАҚВИЯТ ЁБАД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
ЧОЙ НӮШОКИИ АЗ ҲАМА ЗИЁД ИСТЕЪМОЛШАВАНДА ДАР ҶАҲОН АСТ. Кадом навъи он ба саломатӣ фоида дорад?
ЧАККА ДАР ОШХОНАИ ТОҶИКӢ ҶОЙГОҲИ МАХСУС ДОРАД. Чаро онро парҳезӣ ва шифобахш номидаанд?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд