297 шаҳрванди Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд

Июнь 30, 2020 14:16

ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 июн дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон  297 шаҳрванди мамлакат ба Ватан оварда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҷумла, 28 июн дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон 97 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар он кишвар муваққатан қарор доштанд, тариқи гузаргоҳи «Дустӣ»-и сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба Ватан оварда шуданд.

Ҳамчунин, 29 июни соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қазоқистонӣ 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Алмато ба Душанбе баргаштанд.

Июнь 30, 2020 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»