ҶДММ «Сарманзил» биноҳои кӯчаи Моёншо Назаршоеви пойтахтро таъмир мекунад
ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва роҳбари ҶДММ «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахт, масъулияти таъмири намои зоҳирии 10 бинои дуошёна, 1 бинои сеошёна, 3 бинои 9-ошёна ва бинои маъмурии Муассисаи истифодабарии манзилии №1-ро дар кӯчаи М.Назаршоев ба ӯҳда гирифта, корро дар ин самт шуруъ намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муассисаи истифодабарии манзилии №1 тибқи иттилои масъулин ба 15 ҳазор нафар хизмат мерасонад, аз ин рӯ ба нақша гирифта шуд, ки дар баробари таъмири пурраи Бинои маъмурии муассиса ҳамзамон ашёҳои зарурии корӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва компютер харидорӣ шуда, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маротиб осон карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи нақша-чорабиниҳои мавҷуда корҳои ободониву созандагӣ ва таъмирӣ тақвият ёфта, бо суръат пеш меравад. Таъмири бомпӯш ва намои берунаи биноҳои кӯчаи Моёншо Назаршоев низ яке аз бандҳои нақша-чорабинии таҳиягардида буда, бо иҷрои ин кор зебогии ин маҳал таъмин хоҳад шуд.
Аз ҷумла, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба рангу бори биноҳои баландошёна ва ба талаботи шаҳрсозии муосир мутобиқ намудани онҳо, таваҷҷуҳи зарурӣ равона мегардад. Дар ин замина биноҳои баландошёнаи кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо гузашти солҳо таъмирталаб гардида, зарурати рангу бори онҳо ба миён омада буд.
Ҳамин тариқ дар доираи иқдоми пешгирифтаи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур, намои зоҳирии биноҳои 49, 118/1, 120, 124, 128, 132, 136/5, 138/1, 89, 7/91 бинои 9 ва инчунин дар гузаргоҳи 2-юми ҳамин кӯча хонаи рақами 3 ба таври замонавӣ таъмиру рангу бор мешаванд. Ҳамзамон тирезаи бархе аз биноҳое, ки фарсуда шудаанд, иваз хоҳад гашт.
Ҳамчунин Маҳмудҷон Муродов дар доираи тадбирҳои эҳсонкорӣ ҳамзамон 10 партовгоҳи замонавиро барои сокинони ноҳияи Шоҳмансур бунёд карда, мавриди истифода қарор медиҳад. Ин қабил иқдомҳои ватандӯстонаи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо, ки дар партави сиёсати созандаи шаҳрдорӣ сурат мегирад, метавон намунаи ибрат ба дигар вакилону соҳибкороне арзёбӣ кард, ки имкони молии анҷоми чунин амалҳоро доро ҳастанд. Зеро ҳар кадом аз онҳо метавонанд бо таъмиру азнавсозии бинову иншооти ба таъмир эҳтиёҷдошта, саҳме дар ободии як гӯшаи пойтахти мамлакат гузошта бошанд.










Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






