ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Норак бунёди 193 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст

Июнь 19, 2020 15:26

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтӣ бунёди 193 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор иншооти ҷашнӣ дар солҳои 2018, 2019 ва моҳҳои аввали соли равон беш аз 77 адади он сохта ба истифода дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Фирӯз Аминов ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод, дар назар аст, ки то соли 2021-ум 116 иншооти боқимонда сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дар маҷмӯъ то фарорасии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмони 9 бинои маъмурӣ, 6 бинои таълимӣ, 7 адад иншооти табобатӣ, 10 адад иншооти варзишӣ, 8 адад иншооти фарҳангӣ ва боқимонда 153 адад иншооти дорои аҳамияти хизматрасонӣ-маишӣ, кишоварзӣ, фароғатию савдо ва саноатӣ дар нақша дошта шудааст.

Бо бунёди бинову иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва хизматрасонӣ шумораи бекорон ба таври назаррас коҳиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум дар шаҳр боло меравад. Дар ин баробар, ин тадбири муҳим дар ғанӣ кардани иқтисодиёти шаҳр нақши муассир хоҳад гузошт.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки маркази  шаҳри Норак дар солҳои охир симои тозаеро ба худ зам намудааст. Пиёдагардҳои канори роҳҳо ба таври дилкаш кошинкорӣ шуда, дар гӯшаҳои мухталиф гулгаштҳо ва шиору овезаҳои ҷолиб, ки ҳамагӣ мазмуни ватандӯстона ва ободгароӣ доранд, насб гардидаанд.

Шоми шаҳри Норак ва ҷамоатҳои деҳот низ дигар мисли солиёни қабл тира набуда, кӯчаи марказӣ аз даромадгоҳ то охир бо чароғпояҳои зебо, симчароғҳои рангрези мунаққаш оро дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонида, тасмим доранд дар ин солҳо мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созанд ва шаҳри Норакро ба як гӯшаи афсонавӣ ва барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҷолиб табдил диҳанд.

Июнь 19, 2020 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд