Андешаҳои профессор Зайналобиддин Кобулиев вобаста ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об дар барномаи таҳлилии «Сарват» аз Радиои «Ховар»

Июнь 29, 2020 09:16

ДУШАНБЕ, 29.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ташаббуси глобалии экологиро маҳз дар масъалаи об пешниҳод намудааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки дорои захираҳои зиёди обӣ буда, ҳамасола дар ҳудуди он 64 млрд. м³ об ҳосил мешавад, ки 60% — и оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54 — уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2003 — Соли байналмилалии оби тоза, ки 1 октябри соли 1999 сурат гирифта буд, қадами нахустини Тоҷикистон дар масъалаи об гардид. Ба андешаи доктори илмҳои техникӣ, профессор Зайналобиддин Кобулиев, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз кӯшишҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои ташаббускори ҳалли мушкилоти об шинохта мешавад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»– и Радиои «Ховар» бо иштироки доктори илмҳои техникӣ, профессор Зайналобиддин Кобулиев, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2020 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад