БА ХОНАНДАГОН ИЗҲОРИ СИПОС МЕНАМОЕМ! Давоми моҳи май ба сомонаи АМИТ «Ховар» қариб 1 миллион маротиба ворид шудаанд
ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2020 хонандагон ба сомонаи АМИТ «Ховар» қариб 1 миллион маротиба ворид шуданд, ки ин нишондиҳанда дар таърихи сомона баландтарин маҳсуб ёфта, нисбат ба моҳи декабри соли 2019-ум 305,5% зиёд аст. Маълумот дар бораи воридшавӣ ба сомона аз ҷониби манбаи мустақили «LiveInternet.ru» пешниҳод шудааст.
Тибқи маълумоти манбаъ, шумораи хонандагони мо аз ҳисоби мардон — 78,0% ва занон – 22,0%-ро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод ба синни хонандагони аз 18-сола поён — 3,0%, аз 18 то 24-сола – 34,9%, аз 25 то 34-сола 33,8%, аз 35 то 44-сола – 14,5% ва аз 44-сола боло – 13,8% рост меояд.
Аз сомонаи мо дар зиёда аз 49 давлати ҷаҳон дидан намудаанд. Албатта, дар байни онҳо Тоҷикистон бо — 78,1% бартарӣ дорад. Баъдан Россия (13,0%), ИМА (1,0%), Қазоқистон (0,9%), Ӯзбекистон ва Қирғизистон (ҳарду бо 0,8%) номбар шудаанд.
Сохтори гузариш ба саҳифаҳои сомона чунин аст: дохилӣ – 44,6%, ба воситаи саҳифаҳои иловагӣ – 23,4%, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ – 23,1%, тариқи системаҳои ҷустуҷӯӣ аз сайтҳои дигар – 2,4%.
Мо аз тамоми меҳмонони сомона ва аз ҳамаи онҳое, ки навиштаҷоти моро мехонанд ва дар ин самт фаъоланд, изҳори миннатдорӣ менамоем. Ин барои мо як навъ арзёбии фаъолияти хеш буда, моро водор месозад ки дар оянда боз ҳам хубтар фаъолият намоем.
Ҳамзамон, барои баъзе нуқсонҳои техникии мавҷуда, ки бо назардошти зиёд шудани хонандагони сомона ба миён омада, боиси душвори ба дастнорасии маводҳои он мегарданд, аз тамоми хонандагон пӯзиш мехоҳем. Ҳоло бо масъули корҳои техникии сомона – ширкати «adMedia» ҷиҳати интиқоли сомона ба сервери иқтидораш бештар гуфтушунид шуруъ шудааст ва итминон дорем оянда ин мушкили техникӣ бартараф хоҳад шуд.
Бо мо бошед!








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






