«Блогер» барои таҳдиди паррондан бо ҳукми суд ҳабс шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ, махсусан «Инстаграм», навори ҷавоне пахш гардид, ки дар даст яроқи монанд ба таппончаи тамғаи «Макаров» бо суханони таҳдидомез ба ҷониби нафарони гӯё «бахил» муроҷиат намуда, изҳор медошт, ки таппонча ҳақиқӣ аст ва аз он метавонад истифода бурда, нафарони бахилро парронад. Ин навор боиси ба вуҷуд омадани вокунишҳои гуногуни шаҳрвандон шуда, корбарону истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хостори мавриди санҷиш қарор додани навори мазкур гардиданд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Вобаста ба ин, ҷиҳати муайян намудани шахсияти дар навор инъикосгардида кормандони милитсияи шаҳри Душанбе чораҳои дахлдори оперативӣ роҳандозӣ намуда, дар натиҷа шахсияти ин ҷавонро муайян намуда, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд. Муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Фаттоев Шаҳбоз Абдуваҳҳобович, санаи таваллудаш 03 ноябри соли 2000, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зебуннисо буда, дар саҳифаи интернетияш худро ҳамчун «блогер» муаррифӣ намудааст.
Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда ба хотири худнамоишдиҳӣ ва бо ин васила машҳур гардидану зиёд намудани сафи аъзоёни саҳифаи иҷтимоии интернетияш ҳангоми қарор доштан дар дохили автомашина таппончаи дар навор инъикосгардидаро гирифта, баъди сабти навори мазкур онро дар саҳифаи инстаграмаш нашр намудааст.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки яроқи дар навор истифода шуда, таппончаи газӣ буда, он аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мусодира карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Фаттоев Шаҳбоз барои нашри чунин навори таҳдидовар ва ба таҳлука овардани шаҳрвандон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъйин карда шуд.








Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд






