«Блогер» барои таҳдиди паррондан бо ҳукми суд ҳабс шуд

Июнь 29, 2020 09:37

ДУШАНБЕ, 29.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ, махсусан «Инстаграм», навори ҷавоне пахш гардид, ки дар даст яроқи монанд ба таппончаи тамғаи «Макаров» бо суханони таҳдидомез ба ҷониби нафарони гӯё «бахил» муроҷиат намуда, изҳор медошт, ки таппонча ҳақиқӣ аст ва аз он метавонад истифода бурда, нафарони бахилро парронад. Ин навор боиси ба вуҷуд омадани вокунишҳои гуногуни шаҳрвандон шуда, корбарону истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хостори мавриди санҷиш қарор додани навори мазкур гардиданд. Дар ин бора  сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Вобаста ба ин, ҷиҳати муайян намудани шахсияти дар навор инъикосгардида кормандони милитсияи шаҳри Душанбе чораҳои дахлдори оперативӣ роҳандозӣ намуда, дар натиҷа шахсияти ин ҷавонро муайян намуда, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд. Муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Фаттоев Шаҳбоз Абдуваҳҳобович, санаи таваллудаш 03 ноябри соли 2000, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зебуннисо буда, дар саҳифаи интернетияш худро ҳамчун «блогер» муаррифӣ намудааст.

Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда ба хотири худнамоишдиҳӣ ва бо ин васила машҳур гардидану зиёд намудани сафи аъзоёни саҳифаи иҷтимоии интернетияш ҳангоми қарор доштан дар дохили автомашина таппончаи дар навор инъикосгардидаро гирифта, баъди сабти навори мазкур онро дар саҳифаи инстаграмаш нашр намудааст.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки яроқи дар навор истифода шуда, таппончаи газӣ буда, он аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мусодира карда шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Фаттоев Шаҳбоз барои нашри чунин навори таҳдидовар ва ба таҳлука овардани шаҳрвандон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъйин карда шуд.

Июнь 29, 2020 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид