Дар назди Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» маҳфили «Роҳбалад» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» маҳфили «Роҳбалад» таъсис дода шуд.
Тавре аз Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Каримҷон Салимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, маҳфили мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, мақсад аз он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, арзишҳои фарҳангӣ, захираҳои таърихию мадании мамлакат ва ба ин васила омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самти роҳбаладӣ мебошад.
Амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи худташаккулдиҳии ҷавонон ва тарбия намудани насли навраси ҷумҳурӣ дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз рисолатҳои асосии Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» мебошад. Таъсиси маҳфили «Роҳбалад» ба ҷавонон имкон медиҳад, ки онҳо арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва сайёҳии мамлакатро омӯхта, дар дохил ва хориҷи мамлакат Тоҷикистонро муаррифӣ намояд.
Дар маҳфили мазкур волонтёрони забондон аз рӯи 10 номгӯи забонҳои муоширати байналмилалӣ ҷалб гардида, онҳо метавонанд оянда роҳбалади ҳайати меҳмонони дипломатӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, гурӯҳҳои байнидавлатӣ ва сайёҳони хориҷӣ гарданд.
Маҳфили «Роҳбалад» дар оянда аз ҳисоби ҷавонон мутахассисони тахассусӣ ва соҳавӣ омода намуда, имкон дорад, ки ҳайати олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳаи тиб, бостоншинос, иқлимшинос, гиёҳшинос ва хокшиносро дар он ҷалб намоянд.








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






