ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ташаббуси ҳамватанони бурунмарзӣ
ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрихоҳонаи Пешвои муаззами миллат, дар вилояти Суғд бо ташаббуси сокинони шаҳри Исфара Матлубиддин Қозиев ва Абдуризо Абдулаҳатов дар Федератсияи Россия гурӯҳи махсуси эҳсонкорон таъсис ёфта, амалҳои шоистаро ба роҳ монда истодааст. Аз ҷумла, бо ибтикори онҳо 100 адад либоси махсуси ҳимоявӣ ба маблағи умумии 45 ҳазор сомонӣ ба Беморхонаи марказӣ (60 адад) ва Беморхонаи минтақавии Ворух (40 адад) тақдим гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон аз оғози бақайдгирии бемории COVID – 19 ҳамарӯза шоҳиди дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба беморону муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, табақаҳои ниёзманд ва дар умум кулли сокинони мамлакат шуда истодаанд.
Боиси зикр аст, ки чунин иқдомҳои шоиставу раиятпарваронаи Сарвари давлат ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Тоҷикистон аз ҷониби дигар аъзои ҷомеа пайравони худро пайдо намуда истодаанд.
Аз оғози моҳи Рамазон то имрӯз дар миқёси шаҳри Исфара бародарон Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо ва Абдуҷалил Савриддинов ба зиёда аз 5 ҳазор нафар ниёзмандон ва муҳтоҷон дар шакли маҳсулоти ғизоӣ кӯмаки яквақтаи моддӣ расониданд. Ҳамин гуна дастгирии моддию молиявиро дигар шахсони олиҳиммат, аз ҷумла Сорбон Савриддинов, Муҳаммадсафо Раҳимов, Абдуқаюм Фозилов, Фахриддин Қурбонов, Ҳафизхон Каримов ва дигарон низ анҷом дода истодаанд.
Дар амалӣ кардани икдомҳои хайрхоҳона ҳамватанони бурунмарзӣ аз шаҳри Истаравшан низ фаъоланд. Бо маблағи аз Федератсияи Россия ирсолнамудаи истаравшаниҳо, барои кормандони соҳаи тандурустӣ 500 адад корҷомаи махсус ва 500 ниқоби тиббӣ харидорӣ шуд. Дар ин замина барои дастгирии молиявии онҳо 180 халта орд ва 180 адад қуттии равған харидорӣ ва ба кормандони соҳаи тандурустӣ расонида шуд.
Ҳамчунин бо ташаббуси сокинони дар вилояти Красноярск кору зиндагӣ доштаи истаравшанӣ ба маблағи 1,5 миллион рубли русӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ ва ба Беморхонаи марказии шаҳр тақдим шуд.
Дар ин радиф ҳамватани бурунмарзӣ Абдузамир Абдуғаффоров дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморон дар ҳаҷми 300 халта орд ва 1,5 ҳазор литр (300 қуттии шартӣ) равған кўмаки яквақтаи молиявӣ расонид. Ин соҳибкори муваффақ, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият дорад, бо ин қаноатманд нашуда дастгирии 25 нафар ятимони куллро ҳам бо орду равған ва кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар нафар ба роҳ монд.
Чунин иқдомҳои хайру башардӯстона ва ватанпарварона дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ҷараён доранд.








Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






