«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Китоб – хазинаест, ки барои боз кардани дарҳояш донистани рамзҳои калидӣ шарт нест
ДУШАНБЕ, 15.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб мерафт ва имрӯз ҳам, ки технологияи нави компютерӣ имконоти хубтару осонтареро дар ихтиёри мо гузоштааст, истифода аз китоб ногузир аст. Китоб – хазинаест, ки барои боз кардани дарҳояш донистани рамзҳои калидӣ шарт нест. Ворид шудан ба ин ганҷинаи донишу адаб танҳо насиби касе мегардад, ки ҳиммати баланду таҳаммули беинтиҳо дошта бошад, иброз медорад Қурбон ҒУЛОМЗОДА, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҶТ, номзади илмҳои педагогӣ.
Дар зимн андешаҳои мавсуф дар мавзӯи китоб, истифодаи мақсаднок аз ин ганҷи бебаҳо ва маърифати китобдорӣ манзури хонандагон гардонида мешавад.
-Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ҷойе таъкид менамоянд: «Кас ҳамон вақт подшоҳи олам мешавад, ки пайваста китоб хонад, зеро китоб дар баробари анису меҳрубон будан, шахсро донову тавоно ва соҳибхирад мегардонад». Ва дар ҳамин радиф адиби маъруфи доғистонӣ Расул Ғамзатов бамаврид арзёбӣ кардааст: «Халқи бекитоб, мисли одамест, ки оина надорад вай рӯйӣ худро дида наметавонад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. «Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад» — омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2019.
Ба масъалаи китобу китобдорӣ ва ҷалби тамомои қишри ҷомеа ба китобхонӣ Пешвои миллат дар паёми худ дастуру супоришҳои махсус дода, таъкид доштанд, ки дар ҳама идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, корхона ва марказҳои фарҳангию истироҳатӣ китобҳонаҳо таъсис дода ва мавриди истифода қарор гиранд.
Китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар як қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳимми таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст. Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо гардидааст. Доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Рӯзи дониш Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намуда буданд, ки муносибати хонандагонро бо хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд.
Вобаста ба ин, ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчӣ васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатиро талаб намуданд.
Дар ин радиф китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Яке аз беҳбудии самти фаъолияти китобхонаҳо он буд, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гаштанд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Китоб дар тарбияи маънавию ахлоқии одомон хусусан ҷавонон ва умуман дар такмил ва рушди маънавии ҷомеа нақши созгор ва созанда дорад. Ҳеҷ неруе тавонотар аз китоб нест. Китоб тарбиятгар аст, бе китоб бунёди ҷомеаи солим имкон надорад. Китоб мушкилкушои ҳама мушкилоти ҳастӣ буда, касро ба қуллаи мурод мерасонад. Китоб ғизои маънавӣ ва оромибахши рӯҳу равони инсон аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Ганҷ магир, китоб гир».
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан дар аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Бузургони ҳамаи миллатҳо китобро ҳамчун устоди аввалини хеш медонанд ва онҳо ошиқи шайдои ин махзани муқаддас буданду ҳастанд. Меҳри арзандаи китоб ҳадду андоза надорад ва муҳаббат ба ин ганҷинаи пурасрореро бо якчанд ибораву андешаҳо иброз карда намешавад.
Бояд гуфт, ки макони асосии донишу маърифатомӯзӣ ин китобхона аст. Ба Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино хазинаи тилло ва зару зевар лозим набуд, бинобар ҳамин ӯ китобхонаи шоҳро интихоб кард.
Шукри даврони соҳибистиқлоли кишвар мекунем, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳиии ҷумҳурӣ китобхонаҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Ҳар як хонандаи закӣ ва хушзавқ метавонад дар толорҳои махсуси китобхонӣ адабиёти дӯстдошта ё даркорияшро бемалол мутолиа намояд. Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз бештари ҷавонон бо намунаи электронии китобҳо қаноат мекунанд ва аз он сар сарӣ, ҷойҳои даркорияшонро истифода мебаранд. Ҳол он ки нусхаи электронии китобҳо ҳеҷ гоҳ ҷойи китобро гирифта наметавонад. Мутолиаи худи китоб бошад ба кас як ҳаловати маънавӣ мебахшад, руҳу равони касро болида мегардонад.
Оре, китоб ба тани мо ҷон мебахшад, зулматистони дилу дидаҳоро равшан менамояд, шавқу завқамонро бедор мекунад, дарк карда тавонистани забонҳои ҳаётро ёд медиҳад, байни ҳусну қубҳ фарқ гузоштанро меомӯзонад, равони мо аз он ҳузуру ҳаловат мебарад, чароғи қалбҳоро мунаввар месозад. Бузургони олам хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, шаъну шараф ва эътибору пешрафти корашонро маҳз аз мутолиаи бефосилаи китоб донистаанд.
Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» — ро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа намоянд. Вазорати маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки китоби мазкурро бо забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.
Арзиши илмии ин асари бунёди бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.
Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Мо, мардуми бофарҳанги кишвар ҳар сатри паёмро бояд сармашқи кори худ қарор дода, пайи амалӣ намудани супоришҳо ва пешниҳодҳои Сардори давлат камари ҳиммат бубандем. Бахусус дар рушди соҳаи китобдорӣ, нашри китобҳои арзишманд, ҷалби мардум, хоса кӯдакону наврасон ба китобу китобхона ва ташкили китобхонаҳо дар тамоми муассиса ва вазорату идораҳо ҳиссаи арзандаи хешро гузорем. Китоб, китобхона ва хонанда он вақт бо ҳам робитаи ногусастанӣ пайдо менамояд, ки масъулият ва муҳаббат дар ниҳод дошта бошем. Китобдор, ки пешаи басо пурифтихор маҳсуб меёбад, бояд рисолати худро дарк намояд ва барои қонеъ гардондани муштариёни китобдӯст пайваста талош варзад.
Аз ин пеш ҳам миллати тоҷикро дар арсаи олам бо китобҳояш, бо фарҳанги воло ва фарзонафарзандонаш мешинохтанд, вале итминони комил дорем, ки пас таваҷҷуҳи хосаи давлату ҳукумат ба ин ганҷинаи нодиру тарбиятбахш, баргузории озмунҳои тақдирсоз аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон Ватани азизи ман» шумори идомабахшони роҳи эҷод, пайравони абармардони сухану ҳунар бамаротиб меафзояд.