«ХАТАРИ ОН ИМКОНПАЗИР, ВАЛЕ БА ЗАМИН ЗАРАР НАДОРАД». Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба наздик шудани астероиди 2002

Июнь 3, 2020 11:46

 ДУШАНБЕ, 03.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Астероиди 2002 NN4, ки 6 июн бояд  ҳаддалимкон  ба Замин наздик шавад, ба он хатаре надорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Институти  астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

«Астероиди навбатии эҳтимолан хатарнок ба Замин 6 июн, соати 3:20 бо вақти ҷаҳонӣ ва дар қаламрави Тоҷикистон соати 8:20-и субҳ бо вақти Душанбе наздик мешавад»,- гуфт директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои физикаю математика  Гулчеҳра Қоҳирова.

Астероид дар масофаи камтарин бо Замин,  яъне 5 миллиону 100 ҳазор километр парвоз мекунад. Ба гуфтаи олим, ин масофа аз масофаи байни Замину Моҳ 12,7 маротиба  зиёдтар аст. Ин ҳолат бархӯрди  астероид бо Заминро имконнопазир мегардонад. Пас, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд   хавотир шуд, зеро барои  ин асосе вуҷуд надорад.

Бо вуҷуди ин, саволе пайдо мешавад, ки чаро  ин астероидро  ҳанӯз ҳам хатарзо меноманд?

«Хатар доштани астероид имконпазир аст, зеро траекторияи парвози он мадори Заминро убур менамояд. Бори дигар зикр менамоем, ки аз рӯи ҳисоби ситорашиносон, ин ҷурми осмонӣ муттасил ба Замин наздик мегардад, то соли 2200 он ба сайёраи мо  зиёда аз 50 маротиба наздик мешавад.  Соли  2130  масофаи камтарини   наздикшавӣ тахминан  500 ҳазор  км хоҳад буд. Ин масофаро метавон бо масофаи  байни Моҳу Замин муқоиса кард»,-  изҳор намуд  Гулчеҳра Қоҳирова.

Бояд зикр намуд, ки астероиди мазкур соли  2002 кашф гардида,  ба худ рақами 163348  ва нишони  2002 NN4 гирифтааст ва андозаи он  0,7 км арзёбӣ мешавад.

Ёдрас менамоем, ки 29 апрел астероиди хавфнок, ки дар фазои байнисайёравӣ бо суръати нисбии 9 км/с ҳаракат дорад,  аллакай дар масофаи 6 миллион  км аз Замин парвоз кардааст.   Траекторияи парвози онро олимони тоҷик мушоҳида намудаанд.  Аз рӯи наздикшавӣ ба Замин ва андозааш  ин ҷирми осмонӣ чун  астероиди хатарзо тасниф карда мешавад.  Инҳо ҷисмҳоенд, ки андозаашон аз 100 метр зиёд буда, ба Замин ба масофаи 7,5 миллион  км ва камтар аз он наздик шуда метавонанд.

Июнь 3, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид