Кумаки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба осебдидагони офати табиӣ

Июнь 3, 2020 15:21

ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ Ховар/. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  (ҶҲАТ) илова ба кумакҳои ғайриғизоӣ, ки то кунун ба осебдидагони офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон тақсим шудааст, боз тасмим гирифт ба 72 оилае, ки хонаҳои худро дар ин ҳодисаи табиӣ пурра аз даст додаанд, ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) ёрии яквақта расонад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

2 июни соли 2020 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 260 хоҷагии аз офати табиӣ  зарардидаи деҳаҳои Н.Асадулло ва 18-умин анҷумани ҳизби ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон маводи ғайрихӯрокӣ тақсим намуд. Кумаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ширкати раиси вилояти Хатлон, намояндагони ваколатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран дар сомонаи худ дар бораи кумакҳо ба осебдидагони ҳодисаҳои табиӣ дар мамлакат гузориши муфассале интишор намуд. Ин созмон мегӯяд, ки  14-15 майи соли 2020 офати табиӣ ба хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони як қатор минтақаҳои мамлакат зарар расонид. Аз ин офати табиӣ асосан 338 хоҷагӣ дар ноҳияи Хуросон ва 6 хоҷагӣ дар шаҳри Ваҳдат осеби зиёд диданд.

Бо назардошти вазъ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар  лоиҳаи Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF)-ро тасдиқ намуд ва маблағҳои ҷудогардида аз ин Бунёд ва қисман аз захираҳои дохилии ҶҲАТ барои дастрас намудани маводи ғайрихӯрокӣ ба 338 оилаи осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилаи осебдидаи шаҳри Ваҳдат пешбинӣ гаштанд.

Ин кумакҳо аз 344 бастаи маводи ғайрихӯрокворӣ, бистар, болишт, кампал, рахти хоб, бел, каланд, сатили пластикӣ, рӯйпӯши пластикӣ, 344 бастаҳои абзори ошхона, аз ҷумла, кафлез, обгардон, косаи калон, косаи хурд, қошуқ, чангак, дӯлча, ҷом ва 344 бастаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла сачоқ, собун, хамираи дандоншӯӣ, чӯткаи дандоншӯӣ, хокаи ҷомашӯӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, дезинфектант, маводи беҳдошти шахсии занона, уребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, қоғази ташноб ва ғайраҳо иборатанд.

Дар доираи кумакҳои мазкур ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кӯдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кумак расонида мешавад.

2 июни соли 2020 дар марҳилаи аввали тақсимоти кумаки мазкур ба 260 оилаи аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводи ғайрихӯрокӣ дастрас карда шуд. Марҳилаи дуюми тақсимот фарогирии боз 78 оилаи ниёзманди ноҳияи мазкурро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур ба 72 оилаи осебдидае, ки манзилҳояшон пурра зарар дидаанд, дастрас намудани кумакпулии яквақтина ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) пешбинӣ карда шудааст.

2 июни соли 2020 ҶҲАТ инчунин ба 6 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи кӯчаи Ғалабаи маркази шаҳри Ваҳдат маводи ғайрихӯрокӣ дастрас намуд, ки зимни тақсими он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.

Июнь 3, 2020 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳтиёт бошед! Дар Тоҷикистон гармшавии беш аз 40 дараҷаи ҳаво дар назар аст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо ҳамоиш доир гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ. Дар ин мавзуъ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
«ҲУНАР ОМӮЗ…». Ғолибону ҷоизадорони даври ҷумҳуриявии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик навсозӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Тавассути он 60 зану ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманд соҳиби касб мешаванд
Дар шаҳри Гулистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ гузаронида шуд
«ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!». Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар Муъминобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш баргузор шуд
«КӮДАКОН ВА НАВРАСОН-САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар 13 кӯдакистони шаҳри Турсунзода барномаҳои идона доир шуд
КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Ва ё барои ҳар давлат насли солим зарур аст
Дар Швейтсария масоили интиқоли дониш ва технология барои беҳтар гардонидани пешгӯии обу ҳаво баррасӣ шуд