Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи табибони Полша
ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷуҳмурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи калони табибони Полша, ки шоми 6 июн ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф оварданд, вохурӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Полша ёдовар шуда, ташрифи табибони ин давлатро ба ҷумҳурӣ идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду давлат арзёбӣ намуд.
Ҳадафи асосии ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷриба ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 мебошад. Гурӯҳи табибони Полша давоми як моҳ ба беморхонаву муассисаҳои табобатии манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, бо ҳамкасбони тоҷики худ табодули таҷриба менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи майи соли равон бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии мардумии Чин — асосан табибон дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






