Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи 86-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 июни Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи навбатии 86-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки тавассути видеоконфронс баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Рӯзномаи ҷаласа 11 масъаларо доир ба ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаҳои молия, иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия дарбар мегирифт. Таваҷҷуҳи хоса ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, бойторӣ ва рушди бозори моликияти зеҳнӣ зоҳир карда шуд.
Зимни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ ва чораҳои имконпазири дастаҷамъӣ ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 мубодилаи афкори ҳамаҷониба намуданд. Дар ин замина, қарор дода шуд, ки ба лоиҳаи Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 тағйиротҳои дахлдор ворид карда шаванд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа маълумот оид ба таъсиси марказҳои намоишию тиҷоратии давлатҳои аъзои ИДМ дар Москва дар ҳудуди Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодиёти миллӣ шунида шуд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ 11 сентябри соли 2020 дар Тошканд баргузор мешавад.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






