Об манбаи ҳаёт. Сокинони кӯчаи Ваҳдати ноҳияи Муъминобод бо об таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони кӯчаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо дарозии 1000 м бо қубури қутраш 76 мм ба об таъмин карда шуданд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин кӯча навтаъсис буда, зиёда аз 250 хонаи истиқоматӣ дорад. Ин иқдом ба ифтихори Ваҳдати миллӣ ва иҷрои як банди нақшаи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод буда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Корхонаи фаръии обтаминкунӣ ва бо саҳми сокинони кӯчаи зикргардида амалӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки аҳолии ноҳияи Муъминобод 95 000 буда, сокинони ноҳияи мазкур ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ, таъмири хонаю дар, тозаву озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла ва самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ камари ҳиммат бастаанду барои пешрафти ноҳия талош меварзанд.









Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






