ОБУ ҲАВО: Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе 36+38 дараҷа гарм мешавад

Июнь 16, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, ҳаво дар шаҳри Душанбе 36+38 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши сусти марҳилавӣ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 15+20 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 16, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
«Эмомалӣ Раҳмон – кафили субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд