ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад

Июнь 8, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Рраъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10  ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, жола меборад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 21+26  дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 32+35 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 8, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд