ОФТОБ НА ЧИЗЕСТ, КИ ҶӮӢ БА ЧАРОҒАШ… Мулоҳизаҳои публисист Бахтиёр Ҳамдам дар бораи омадани сел дар ноҳияи Хуросон, озодии матбуот ва рисолати журналистон

Июнь 11, 2020 15:32

«Қудрат ошкор аст, чашмҳо кушодаанд, лекин дидор заиф аст».
Иброҳими РаққӢ

ДУШАНБЕ, 11.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз соли 1873 нависандаи маъруфи амрикоӣ, журналист, сиёсатмадор Марк Твен доир ба нақши журналистика ва мавқеи матбуот дар ҷомеа, дар мақолаи «Бебандубории матбуот» навишта буд: «Мо матбуоти озод дорем, ҳатто аз ҳад озод,  матбуоте, ки иҷоза шудааст чеҳраҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси алоҳидаро, ки бо ӯ ҳамраъй нест, бо наҷосат омехта созад, бадтарин ва бепоятарин назару андешаро ҳифз кунад. Аз ҳеҷ чиз вобастагӣ надорад. Афкори ҷомеаро, ки бояд онро то андозае дар чаҳорчӯбаи муайян нигоҳ медошт, матбуот то сатҳи пасти худ поин фаровард. Қонунҳое мавҷуданд, ки озодии матбуотро ҳифз мекунанд, вале воқеан қонуне вуҷуд надорад, ки шаҳрвандро аз бедодии матбуот ҳифз кунад!…».  Дар идомаи ҳамин андешаҳо боз ҳам таъкид мекунад: «Дар маҷмӯъ, ман фикр мекунам, ки матбуоти мо салоҳияти аз ҳад зиёдро ба худ гирифтааст. Бидуни эҳсоси солиме, ки аз таъсиррасонии манфӣ худдорӣ кунад, рӯзномаҳо ба нафрини Амрико табдил ёфтаанд ва рӯзе ин кишварро нобуд хоҳанд кард».

Ин гуфтаҳои шахсияти маъруфе, ки дар саргаҳи таъсисёбии матбуоти озод дар ИМА қарор дошт… Шахсе, ки ба озодиҳои баён арҷ мегузошт ва ҷомеаи демократиро бидуни ин арзиш тасаввур намекард… Вале бубинед, ки дар чанд матлаби худ мисли «Журналистика дар Тенесси», «Чи гуна рӯзномаи кишоварзиро таҳрир мекардам», «Чи тавр маро ба губернаторӣ интихоб мекарданд», «Бебандубории матбуот» аз андешаҳои носолим, фиреб, туҳмат ва дурӯғпароканиҳои матбуоти давр шикоят мекунад. Вақте ки мақолаҳои Марк Твенро мехондам, гумон мекардам, ки шояд дар баъзе ҳолатҳо дар бораи журналистикаи муосири мо ҳарф мезанад. Мояи ҳайрат низ ин буд, ки ин нависанда ва журналисти сатҳи ҷаҳонӣ ҳанӯз соли 1873, яъне ду аср қабл аз ин, гӯё вазъияти журналистикаи имрӯзаи моро таҳлил мекард… Ва ё шояд мо пас аз ду қарн нав ба сатҳи журналистикаи ҳамонвақтаи ИМА расидем?

Чаро ба ин хулоса омадам? Мехоҳам дар ин замина чанд ҳодисаи рӯзҳои охирро ёдрас шавам, ки бидуни асос дар баъзе воситаҳои ахбори омма шӯру маҳшари зиёд барпо карданд. Нахуст аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷорӣ шудани карантини нарм, ки ба бисёре аз ҳамкасбони мо чандон хуш наомад. Бо шитоб ва бидуни як таҳлили ҷиддӣ эрод мегирифтанд, ки бояд ҳатман карантини сартосарӣ эълон карда шавад. Паёмадҳои карантини сартосариро, ки иқтисодиёти бузургтарин кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаро шикаст, ба назар намегирифтанд.  Вақте навореро аз ҳаёти мардуми нозпарварди Испания дидам, ки барои ғизо дар даст талон навбат меистоданд ва нафаре мегуфт, ки ҳар навбат ғизои садақаро мегирам заҳри танам мешавад ва аз хақирии худ гиря мекунам, даҳшати ин карантини низомаш шадидро дарк намудам, ки инсонро то кадом андоза ночору дастнигар мекунад. Ҳоло андеша мекунам, ки агар мо низ чунин шакли карантинро ҷорӣ мекардем, ҳоли онҳое, ки нонашонро аз ҳисоби заҳмати ҳамарӯза меёбанд, чӣ мешуд?

Ҳукумати мо кори хеле оқилона кард, ки карантини нарм ҷорӣ намуд. Имрӯз собит шуд, ки зарари кишварҳои ангуштшуморе аз қабили Шветсия ва Белорус, ки комилан карантин ҷорӣ накарданд, аз вазъи кишварҳои низоми карантинашон сахт бадтар нест ва шояд аз лиҳози иқтисодӣ афзалиятҳо низ дорад. Фаразан, дар Белорус то имрӯз наздик ба 50 ҳазор сироятшудагон сабти ном шудаанд ва 276 (0,5 фоиз)нафар бар асари он фавтидаанд.  Бовар кунед, дар муқоиса бо Британияву Испания ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки бо вуҷуди карантини низомаш шадидро ҷорӣ намудан теъдоди сироятёфтагон ва фавтидагон бамаротиб зиёд аст, вазъи Белорус хеле умедворкунанда ва беҳтар аст. Федератсияи Россия низ имрӯз ба хулоса омадаст, ки ҳароина ин тарзи мубориза, яъне карантини нарм муфидтар аст ва шурӯъ аз 9 июн зина ба зина маҳдудиятҳоро аз байн мебарад.

Гоҳҳо ба назар чунин мерасад, ки аз паст шудани шиддати COVID-19 баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ ва журналистони дастпарвардаи онҳо хеле нороҳат шуданд. Садо баланд мекунанд, ки ин ҳақиқат надорад, вазъият бадтар мешавад, ҳоло эҳтимол дорад, ки мавҷи дуюми беморӣ хурӯҷ кунад… Қабршуморӣ мекунанд, ки теъдоди фавтидагонро бештар нишон диҳанд.  Аммо як хусусияти омор пайваста сарфи назар мешуд. Ниҳодҳои масъули кишвари мо танҳо теъдоди расман ба ин ориза гирифторшудагон ва аз ҳисоби онҳо чанд нафар фавтидаро расман эълон мекунад, ки ин қоида дар тамоми кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст. Вале биёед иқрор кунем, ки чанд дар сади мардуми мо вобаста ба ин беморӣ тест супоридааст? Гумон мекунам, теъдоди зиёди шаҳрвандони мо аз рӯи одат аслан дар ҳеҷ ҳолат ба дари беморхона рафтан намехоҳанд ва агар бемор шаванд ҳам, дар хона табобат гирифтанд ва ин маризро паси сар намудаанд. Фаразан мо теъдоди чунин «беморон»-ро низ ба назар гирем, шумораи фавтидагоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ «реклама» шуданд, шояд аз 1 дарсад бештар набошад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки соли 2020 воқеан ҳам фавқулода буд.  Мавҷи бемориҳои сироятиву ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ тамоми мардуми ҷаҳонро ба таҳлука овард. Кишвари азизи мо низ аз амвоҷи ин ҳодисот истисно набуд. Бар замми пандемияи COVID-19 офатҳои ғайриинтизори табиӣ аз қабили бориши барф, сардӣ дар фасли баҳор, тундбод, сел ва жола мардумро нороҳат сохт. Табиист, ки ин ҳолатҳо барои мухолифини Ҳукумат фазои мусоидеро фароҳам овард, ки мехостанд аз фурсати мусоид истифода бурда, мавқеи сиёсии худро устувор кунанд. Ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшуда шитобкорона усули кори худро вобаста ба вазъият тағйир доданд, ҳадафашон дар ҷомеа эҷоди як ҳисси нобоварӣ ва нигилизми сиёсӣ буд, ки ба андешаашон бояд вазъро ба манфиати онҳо ҳал мекард.

Тасаввур кунед, ки бо дар назардошти баъзе вижагиҳои хоси иқлими табиии Тоҷикистон, ҳамасола ҳодисаҳои селзанӣ ва фаромадани ярч дар манотиқи гуногуни он ба назар мерасад. Ҳар сол ин мавзӯъ дар доираи баҳси чанд расона маҳдуд мешуд ва муъҷиби бартараф шудани зарар дигар ин мардуми аз офат зиёндида низ аз сархати ахбори расонаҳо меафтиданд. Яъне дигар доғ кардани ин мавзӯъ барои баъзе расонаҳо дигар дивидент намеовард.

Аммо… Ҳодисаи омадани сел ва тахриб шудани тақрибан 76 манзил дар ноҳияи Хуросон ҳар рӯз ба тарзи нав аланга мегирад. Гӯё теъдоде аз коршиносони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳизбу созмонҳо намехоҳанд, ки оташи ин баҳс хомӯш шавад. Мусибати мардуми бечора ва офати табииро бо ҳар васила мехоҳанд обуранги сиёсӣ диҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки барои баъзе расонаҳо на ҳалли ин қазия, балки печидатар шудани он муҳим аст. Дар атрофи ин қазия ҳангома бардоштан ва ба оташи он то ҳадде равған рехтан, ки ниҳоят ба дастбагиребон шудани намояндагони ҷамоат ва як рӯзноманигори ҷавон А. Ғурбатӣ, ки ҳанӯз таҷрибаи бозиҳои сиёсиро надорад, анҷом ёфт, ба манфиати кӣ буд? Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки  Ҳукумат ва ё мақомоти маҳаллӣ аз чунин сурат гирифтани қазия чӣ манфиате доштанд? Ин гуна ранг гирифтани қазия ба онҳо чӣ суд меовард? Дар додгоҳ эътироф кардани ин, ки онҳое ба рӯзноманигор даст бардоштанд, муҷрим дониста мешаванд ва бояд мутобиқи қонун ҷарима шаванд? Ё ин ки рейтинги кишвар дар раддабандии озодии баён чанд зинаи дигар поён фарояд?

Дирӯз дар ҳошияи гузорише, ки дар сомонаи «Радиои Озодӣ» пахш шуд ва дар он рӯзноманигор бо пиразани 76- солае суҳбат мекард, андешаи як нафарро хондам, ки шояд аз даҳҳо матлаби журналистие, ки атрофи ин қазия нашр шуд, оқилонатар буд. Ин шахс бо исми Шамсулло хитоб ба сомона навиштааст, ки аз гузоришҳои ноҳияи Хуросон дигар хаста шудем, аз ин навиштанҳо ҳеҷ фоида нест, беҳтар аст, ки журналистони сомона барои рехтани «фундамент» ё ташкили ҳашар саҳм гузоранд, то як кори хайр анҷом диҳанд.

Шояд баъзе ҳамкасбон иддао кунанд, ки бетонрезӣ кори журналист нест. Қабул, гумон мекунам, ки барои ҳашар ташкил кардани мо зарурат ҳам нест. Вале, мо бояд лоақал бо сеҳри қалам кӯшиш намоем онҳоеро, ки бо арақи ҷабини худ ҷиҳати бартараф кардани зарари ин офат кӯшиш мекунанд, рӯҳбаланд созем. Ҳадди ақал мушкилии ин мардумро ба хотири сенсатсия истифода накунем. Гумон мекунам фоидаи ин кор на камтар аз бетонрезист…

Ба хотири ин ки фаҳмам дар минтақаи офатрасидаи ноҳияи Хуросон вазъият то кадом андоза мураккаб аст, аз нигоҳи дигар ба таҳқиқаш даст задам. Бовар ҳосил кардам, ки қазияи ноҳияи Хуросон таҳти назорати шахсии Сарвари давлат қарор дораду аз роҳбарони сатҳи гуногун, аз Сарвазири мамлакат ва муовинони ӯ, то раиси вилоят ва дигар шахсони масъул ҳамарӯза дар пайи ҳалли ин мушкилотанд.   Барои онҳое, ки то ҳанӯз гумон мекунанд, ки дар Хуросон мардум дар ҳоли зор қарор доранду Ҳукумат ҳеҷ кореро анҷом намедиҳад, мехоҳам чанд арқоми воқеиро, ки махсус аз ниҳодҳои масъул дастрас намудам, далел орам.  Бигзор як омори хушк ва хонданӣ нест, вале хеле хоҳиш мекунам, ки ба хотири дуруст дарк кардани воқеияти ҳол, ҳатман таваҷҷуҳ кунед.

Барои сокинони аз офат зарардида, аз сарчашмаҳои мухталиф  ба таври ройгон аз ҷониби Пешвои миллат  370 тонна (10 тонна) семент, 74 тонна (2 тонна) арматура, 3700 дона (100 донагӣ) шифер, 370 метри кубӣ (10 метри кубӣ) тахта (рақмҳое, ки дар қавс зикр шудаанд, дар назар аст барои ҳар як хонаводаи зери ярч монда), маводҳои ғизоӣ дар маҷмӯъ, 84 тонна, аз ҷумла 7,55 тонна орд, 8 тонна пиёз, 8 тонна картошка, 8 тонна сабзӣ, 2,15 тонна биринҷ, 903 килограмм макарон, 1505 литр равған,  0,6 тонна гречка, 0,6 тонна перловка дастрас шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар маҷмӯъ 300 баста маводи гигиенӣ, 67 хайма, 300 халта орд (15 тонна), маводҳои сӯхт, аз ҷумла 16 тонна сӯзишворӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 15 тонна орд, 8,5 тонна биринҷ, 1,5 тонна равған,  1800 килограмм макарон, 6,6 тонна пиёз, 4,5 тонна картошка, 12 тонна сабзӣ кумак карданд.

Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша шароити зисти хизматчиёни ҳолатҳои фавқулода фароҳам ва бо ғизою ҷои хоб пурра таъмин шуданд. Дар ин амри хайр корхонаву шахсони саховатпеша, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҲХДТ низ саҳмгузоранд. Фаразан, хоҷагии зотпарварии “Саодат” 150 килограмм гӯшт, ҶДММ “Мурғи Хуросон” 900 дона тухм барои сарбозон, роҳбари МДХЗ ба номи С. Шерназарови ноҳия барои зарардидагон дар ҳаҷми 1500 сомонӣ хӯроки гарм ташкил карда, ҳамин кори хайрро чор маротибаи дигар ба беморон ва кормандони беморхонаи №5 ба маблағи 3000 сомонӣ анҷом дод, ходимони дини ноҳия ба 50 нафар хизматчиёни Кумитаи холатҳои фавқулода ду рӯз хӯроки субҳона ташкил намуданд, соҳибкор аз шаҳри Душанбе, ки нахост номаш расонаӣ шавад, ба маблағи 6000 сомонӣ либосҳои гуногун, 840 сомонӣ пули нақд ва ғизо кумак намуд. Соҳибкори дигар бо номи Фаридун 100 килограмм гӯшт, 50 килограмм шакар, 500 килограмм орд ва 100 литр равған дастрас кард. Масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе 40 адад қолин, 80 адад кӯрпаю курпача, 380 килограмм орд, 114 литр равған, 190 килограмм қанд хайр карданд, Кумитаи идораи замини вилоят дар деҳаи Неъматулло Асадулло як рӯз хӯроки гарм ташкил намуд. Як гурӯҳ соҳибкорони шаҳри Душанбе ба маблағи 7000 сомонӣ либос, 40 маҷмӯи курпаю курпача, 100 килограмм картошка ва 15800 сомонӣ пули нақд, Ҷамоати деҳоти Ориёнои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба миқдори 500 дона нон, соҳибкорзане аз ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ 80 дона нон, 40 намуд либоси занона ва 40 килограмм шакар, сокини ноҳияи Кӯшониён Холов Ҳусейн 2 тонна орд ва 200 литр равған дастрас намуданд. Инчунин, ба аҳолии зарардида аз ҳисоби фитри рӯзаи кормандони раёсати Кумитаи таъмини бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон 500 килограмм гӯшти гов ба маблағи 24500 сомонӣ ва аз ҷониби Хоҷагии деҳқонии «Бахтиёр» 100 тонна семент дода шуд. Ин кумакҳоест, ки танҳо дар рӯзҳои аввал ба мардуми аз офат зарардида расонида шудаанд. Ҳоло суратҳисоби махсусе низ боз шудааст, ки ба он созмонҳои ватаниву байналмилалӣ низ маблағ ирсол намуда истодаанд.

Санади дигаре низ дар даст дорам, ки ба хотири зикр шудани ному насаби зарардидагон расонаӣ кардани онро бидуни иҷозаашон ғайриимкон медонам. Вале мехоҳам дар ин замина танҳо ҳамин нуктаро таъкид кунам, ки санади мазкур гувоҳи ба таври шаффоф ва бидуни фасодкорӣ тақсим шудани кумакҳо аст.

Дар фарҷоми андешаҳо мехоҳам байтеро аз Мирзо Бедили Абулмаъонӣ ёдрас шавам, ки ҳанӯз чанд аср қабл аз ин фармудааст:

Пайдоиши Ҳақ нанги далоил написандад,
Офтоб на чизест, ки ҷӯӣ ба чароғаш.

Мусаллам аст, ки на кумакҳои саривақтӣ ва на дастгирии ройгони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти масъул ба зарардидагони ин офати табиӣ, на дастовардҳои солҳои ахирро, ки кишвари мо ба он ноил гардида аст, мутаассифона, дидори заифи баъзе ҳангоматалабони қудратхоҳ намебинад. Чунки иқтизои табиаташон ин аст. Биёед, лоақал мо, журналистон, ки ба истиқлолияту озодии Ватан ҳамеша арҷ мегузорем, ба осёби онҳое, ки мехоҳанд як Афғонистони дигар созанд, об нарезем.

Агар чашм ҳақиқатбин бошад, барои офтобро бо чароғ ҷустан зарурат намемонад. Рисолати аслии мо журналистон бошад, гоҳ-гоҳ ҳакиқатро низ дидан аст…

Бахтиёр ҲАМДАМ

Июнь 11, 2020 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ