Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Июнь 9, 2020 12:42

ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳри Панҷакент, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахшро оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка, ҳолати беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ шуниданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини нақшаи 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, ҷамъоварии саривақтию беталафи ғалладонагӣ, сабзавот, меваҷот, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, беҳбуд бахшидани вазъи беморхонаҳо, таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои иҷтимоию хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва паҳншавии бемории сироятӣ бори дигар ба раисони шаҳру ноҳияҳо барои дар ҳар як шаҳру ноҳия бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дастур доданд, ки мактабҳо ва муассисаҳои томактабиро таъмиру таҷдид карда, ба соли нави хониш омода созанд.

Аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб карда шуд, ки ҳар як оила бояд барои ду сол маводи хӯрокаро дар хонаҳояшон захира намоянд, тамоми иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 тайёр карда, захираи сӯзишворӣ ва маводи хӯрокаро таъмин созанд.

Июнь 9, 2020 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон