Роҳандозии корҳои безараргардонӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе

Июнь 9, 2020 15:29

 ДУШАНБЕ, 09.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани сокинон ва пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории  коронавируси нави COVID-19, имрӯз аз тарафи Маркази безараргардониву профилактикии шаҳри Душанбе бозорҳои «Корвон», «Корвон плюс», «Корвон ситӣ», марказҳои савдои гирду атрофи он, бозорҳои «Панҷшер», «Ганҷина» ва дар дигар нуқтаҳои гирду атрофи он корҳои санитарию безараргардонӣ роҳандозӣ гардид.

Тавре аз Маркази безараргардониву профилактикии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рафти амалӣ кардани корҳои безараргардониву профилактикӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, нозирони санитарии бозорҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии корҳои безараргардониву профилактикӣ дар бозорҳои пойтахт ин тайёрӣ ба оғози фаъолияти онҳо аз санаи 15 июни соли 2020 мебошад, ки қарори он аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Маркази безараргардониву профилактикии шаҳри Душанбе корҳои санитарию дезинфексионӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, бозорҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ аз моҳи феврал инҷониб роҳандозӣ гардидааст.

Июнь 9, 2020 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд