РОҲНАМО БАРОИ ДОВТАЛАБ: Аз 15 июн марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 июни соли равон марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, шахсоне, ки бо дарназардошти вазъи марбут ба пандемияи COVID-19 дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) натавонистанд худро номнавис кунанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро ба қайд гиранд.
Марҳалаи иловагии бақайдгирӣ то 30 июн идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб муроҷиат кунанд.
Довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз мехоҳанд интихобҳои аввалаи худро иваз кунанд, имкон доранд, ки ба нуқтаи бақайдгирие, ки худро қаблан дар он номнавис карда буданд, муроҷиат карда, худро аз нав ба қайд гиранд.
Арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоти доштааш дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар гардидааст:
Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11-ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд 210 сомонӣ, довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 160 сомонӣ ва барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввала барои довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15-ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд 25 сомонӣ муайян шудааст.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озод мебошанд. Шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд ва маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ҳастанд аз супоридани 50%-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод мебошанд.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.
Маблағи хизматрасонӣ дар ИМД бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пардохт карда шавад.
Инчунин, барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ аз 15-уми июн оғоз ва то 30-юми июн давом меёбад. Марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ низ дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб сурат мегирад. Довталабоне, ки интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, бояд бо (1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст; (2) варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ ва (3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба пардохти маблағи пурра (210 сомонӣ – барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ ва 160 сомонӣ – барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ) ба нуқтаи бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ муроҷиат кунанд.
Довталабон метавонанд маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки гунаи электронии он дар сомонаи Маркази миллии тестӣ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html) ҷойгир карда шудааст, дастрас намоянд.








Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст






