Саҳмгузории вакилони мардумӣ дар мубориза бо пандемияи COVID-19
ДУШАНБЕ 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҷавоб ба даъвати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳо ва соҳибкорони саховатпеша дар пешгирии паҳншавии COVID-19 ва табобати гирифторони бемории сироятии коронавирус саҳми худро гузошта истодаанд. Дар ин миён фаъолии вакилони мардумӣ низ назаррас аст.
Вазъи кунунии паҳншавии бемории сироятии коронавирус моро водор менамояд, ки дар чунин вазъияти ногувору вазнин дар паҳлӯи ҳам бошем ва то қадри имкон ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз намоем.
Бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 июни соли ҷорӣ фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии табибон ва оилаҳои ниёзманд барномаҳои хайриявӣ роҳандозӣ намуда, то имрӯз эҳсонкориҳои ин ниҳоди сиёсӣ ба 7 шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат равона гардиданд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Муҳаммадато Султонов, ин иқдом дар ин рӯзҳои мушкили хуруҷи пандемияи COVID-19 болои башарият амалӣ шуда, то имрӯз шаҳру навоҳии Душанбе, Исфара, Спитамен, Темурмалик, Восеъ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Носири Хусрав аз ин кумакҳо баҳравар шуданд.
Кумакҳо аз пасандоз ва маоши шахсии вакилону аъзои фаъоли ҳизб ва ҳамақидаҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон харидорӣ шуда, аз ниқобҳои гуногуни тиббӣ, дастпӯшҳо, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, айнакҳои тиббӣ, маҳлулҳои назофатию антисептикӣ ва маводи ғизоӣ иборат мебошанд. Инчунин ба оилаҳои ниёзманд ва ашхоси бемор, ки ниёз ба табобат доранд, як миқдор маблағ низ ҳамчун кумак расонда шуданд.
— Дар чунин шароите, ки боиси носуботии иқтисодию иҷтимоии сайёра гардидааст, мо вазифаи инсонии худ медонем, ки новобаста аз мавқеи ҳизбӣ дар раванди мубориза бо ин бемории сироятӣ дар паҳлӯи миллату давлати худ бошем, таъкид менамояд раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода.
Ҳамзамон номбурда зикр намуд, ки аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон барномаҳои ҳукумат ва махсусан иқдомҳои Пешвои миллатро, ки дар самти мубориза бар зидди бемории COVID-19 ва таъмини аҳолӣ бо маводи доруворию озуқа татбиқ мешаванд, комилан дастгирӣ намуда, кӯшиш менамоянд, ки дар чунин шароити ҳассос дар паҳлӯи мардуми худ бошанд ва бо ҳар восита кумаку дастгирии худро ба табибон ва оилаҳои ниёзманд равона намоянд.
Қобили қайд аст, намояндаи дигари мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода 29 майи соли равон аз Беморхонаи марказии шаҳрии Турсунзода боздид намуда, бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус (СОVID-19) ва шароити кории кормандони соҳаи тандурустӣ шинос шуд. Зимни суҳбат бо кормандони соҳаи тандурустӣ Солеҳа Холмаҳмадзода иброз дошт, ки барои пешгирии паҳншавии беморӣ дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ амал намуда, ниҳоди марбутаи тандурустӣ шабонарӯзӣ дар хизмат қарор доранд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои беандоза ва фидокориҳои имрӯзаи табибонро оид ба пешгирӣ намудани коронавирус баланд баҳогузорӣ намуда, ба онҳо арзи сипос намуданд.
-Аз ин лиҳоз кормандони соҳаи тандурустиро мебояд эътимоди муҳтарам Пешвои миллатро сазовор шуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати табобат ва хизматрасонии тиббӣ беш аз пеш кӯшиш намоянд,-иброз дошт Солеҳа Холмаҳмадзода
Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд, ки ба қайд гирифтани беморӣ набояд мардуми моро ба таҳлука орад. Моро мебояд дар ҳамдастӣ зидди ин сироят мубориза барем, бо риояи тавсияи духтурон ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории оила ва пеш бурдани зиндагонӣ меҳнат намоем.
Баъдан аз ҷониби оилаи Холмаҳмадзодаҳо ба кормандони соҳаи тиб бо мақсади дастгирии моддӣ ва ороиши дастархон кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған макарон, шакар ва сабзавоту меваҷот расонида шуд.








Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд






