Сафари табибони Полша ба Тоҷикистон натиҷагирӣ гардид

Июнь 29, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 29.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе  нишасти хабарӣ аз сафари табибони Полша дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода дар нишаст иштирок дошта, иброз намуд, ки шиносоӣ  ва боздиди табибони Полша аз муассисаҳои тандурустии кишвар ва табодули таҷрибаи онҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории  COVID-19 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи табибони тоҷик барои пешгирии ин беморӣ натиҷаҳои хуб ба бор овард.

Дар рафти сафар табибон аз як зумра муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дидан намудаву бо фаъолияти онҳо шинос шуда, барои ҷорӣ кардани усулҳои нави табобати беморони ин навъи вирус бо табибони тоҷик суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Табибони Полша ба фаъолияти табибони тоҷик дар самти мубориза бар зидди бемории  COVID-19 баҳои баланд дода, тассуроти хешро аз сафар ба минтақаҳои Тоҷикистон баён намуданд.

Ҳамчунин, табибони тоҷик аз табибони полшагӣ, ки дар самти пешгирӣ ва табобати бемории  COVID-19 таҷрибаи ғанӣ доранд, усулҳои нави ташхис ва табобати беморони мазкурро омӯхтанд.

Ҳамин тариқ, сафари табибони Полша ба Тоҷикистон ба охир расида, онҳо субҳи 27 июн ба кишвари хеш баргаштанд.

Ёдовар мешавем, ки тайи як моҳ табибони полшагӣ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 табодули таҷриба намуданд. Қаблан табибони варзидаи Ӯзбекистон ва Чин низ ба Тоҷикистон  омада буданд.

Июнь 29, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд