Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат»-ро ба истифода доданд

Июнь 30, 2020 07:04

ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боздиди кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт.

Дар деҳоти Хистеварзи ин ноҳия Сарвари давлат нахуст ба фаъолияти Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» оғози расмӣ бахшиданд. Бинои хуштарҳу замонавии Марказ ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Самадов бунёд гардида, дорои беҳтарин шароиту имкониятҳои ташхисию табобатӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин бинои сеошёна дар масоҳати 0,60 гектар соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд. Дар ошёнаи якуми бино дорухона бунёд шудааст, ки дар он танҳо маводи дорувории аз алаф ва гиёҳҳои табиӣ омодашуда ба мизоҷон пешниҳод мегарданд. Барои таъмин намудани дорухона бо маводи дорувории гиёҳӣ, масъулон бо олимону донишмандон, гиёҳшиносон ва ширкатҳои истеҳсолӣ ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

Дар ошёнаи якуми бинои Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» ҳамчунин намоиши молу маҳсулоти тиббӣ ташкил карда шуд, ки дар он ширкатҳои истеҳсолии дохилию хориҷӣ дастгоҳу таҷҳизот ва асбобу анҷоми тиббиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар қаламрави вилояти Суғд даҳҳо адад ширкату корхонаҳо ба истеҳсоли маводи тиббӣ машғуланд ва талаботи муассисаҳои тиббии вилоятро қисман бо асбобҳои зарурӣ таъмин карда метавонанд. Аз ҷумла беморхонаҳо бо кату рахтҳои хоб, дастгоҳҳои ташхисӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ пурра аз ҳисоби ширкатҳои ватанӣ таъмин карда мешаванд.

Тибқи иттилои масъулони Раёсати тандурустии вилоят, бо истифода аз шароиту имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ ва солимии аҳолӣ фароҳам овардааст, бахши хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳарчӣ бештар фаъол мегардад.

Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорумин иншооти тиббии хусусӣ ба ҳисоб меравад, ки дар доираи дастгириҳои давлатӣ бунёд карда шудааст.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бинои Марказ шуъбаҳои ҷарроҳии эндоскопӣ, дандонпизишкӣ, ташхиси фаросавтӣ, таҳлилгоҳ, утоқҳои физиотерапевтӣ ва солимгардонӣ ҷой дода шуда, барои беморон 10 кати хоб мавҷуд аст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин маркази хусусӣ ҳамчунин 35 нафар мутахассиси маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин намуд. Дар саҳни бинои мазкур ҳамчунин барои 20 автомашинаи сабукрав ва нақлиёти тиббӣ таваққуфгоҳ бунёд гардида, ҳавлӣ ва гирду атрофи бино сафолакпӯш ва бо гулу буттаҳои гуногун оро дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити Марказ, ба соҳибкорони маҳаллӣ барои дастгирии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат изҳори сипос карда, ба масъулони Вазорати тандурустӣ ва раёсати он дар вилояти Суғд дастур доданд, ки фаъолияти бахши хусусиро дар соҳаи тандурустӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.

Ба истифода додани Маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат" дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 30.06.2020

Июнь 30, 2020 07:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Беморхонаи сироятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Имрӯз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Россия
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқия ирсол намуданд
Санаи бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ маълум шуд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон