Шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон беш аз 7,3 миллион нафар гардид

Июнь 10, 2020 11:16

ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /НИАТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз навъи нави коронавирус дар ҷаҳон беш аз 7,3 миллион гардида, зиёда аз 413 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи охирин маълумоти СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 121 751 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 4763 бемор фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 7 323 918 буда, теъдоди фавтидагон 413 733 мебошад.

11 март СУТ хуруҷи сирояти коронавируси нави COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Июнь 10, 2020 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
Шумораи ҳалокшудагон бар асари бархӯрди қатораҳо дар Ҳиндустон ба 288 нафар расид
Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд
Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад
Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид
Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст