Соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов ба табибони Маркази тибби оилавии ноҳияи Рошқалъа лавозимоти тибби кумак намуд
ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов дар доираи як иқдоми неку башардӯстонаи таҳти шиори «Шифо ва ҳамдилӣ» ба табибони Маркази тибби оилавии ноҳияи Рошқалъа дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳои пластикӣ, маводҳои зиддибемориҳои сироятӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ирсол намуд. Ба гуфтаи директори Маркази таълимию клиникии тибби оилавии Раёсати тандурустии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нурбибӣ Азизова, дар паи иқдоми саховатмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба табибону беморони сироятёфта, соҳибкорони ватанӣ аз худ иқдоми наҷиб нишон дода, дасти мададро ба табибон дароз намуданд. Ҳоло қариб ҳамарӯза аз ҳар гӯшаву канори мамлакат кумакҳои ғизоӣ, доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба унвони беморхонаҳои шаҳрию вилоятӣ ва минтақавӣ фиристода мешаванд.
“Кумаки навбатӣ ва хеле зарурию саривақтиро аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов гирифтем. Кумаки мазкур аз ду адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва оксигенератор, 400 дона ниқобҳои пластикӣ, беш аз 200 дона ниқобҳои яккарата, зиёда аз 600 адад либосҳои муҳофизатӣ, айнакҳо ва маводҳои зиддисептикӣ иборат мебошанд. Ман аз номи кормандони техникию тиббии Раёсати тандурустии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин соҳибкори муваффақи кишвар сипосу эҳтироми беандозаи худро баён месозам”,- гуфт Нурбибӣ Азизова.
Ҳоло дар маркази тибби оилавии вилоят 63 нафар табибон ва 325 нафар ҳамшираҳои шафқат фаъолият доранд. Ба гуфтаи табибон маҳз чунин ҳамбастагию иттиҳод буд, ки ба аксарияти беморони сироятёфта сари вақт кумаки тиббӣ расонда шуд ва пас аз шифо ёфтан онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Ҳоло дар беморхонаи ноҳия танҳо се нафар аз беморон боқӣ мондаанд, ки рӯзҳои наздик ба хонаҳояшон бармегарданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






