Соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов ба табибони Маркази тибби оилавии ноҳияи Рошқалъа лавозимоти тибби кумак намуд

Июнь 9, 2020 14:36

ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов дар доираи як иқдоми неку башардӯстонаи таҳти шиори «Шифо ва ҳамдилӣ» ба табибони Маркази тибби оилавии ноҳияи Рошқалъа дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳои пластикӣ, маводҳои зиддибемориҳои сироятӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ирсол намуд. Ба гуфтаи директори Маркази таълимию клиникии тибби оилавии Раёсати тандурустии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нурбибӣ Азизова, дар паи иқдоми саховатмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба табибону беморони сироятёфта, соҳибкорони ватанӣ аз худ иқдоми наҷиб нишон дода,  дасти мададро ба  табибон дароз намуданд. Ҳоло қариб ҳамарӯза аз ҳар гӯшаву канори мамлакат кумакҳои ғизоӣ, доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ  ба унвони беморхонаҳои шаҳрию вилоятӣ ва минтақавӣ фиристода мешаванд.

“Кумаки навбатӣ ва хеле зарурию саривақтиро аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов гирифтем. Кумаки мазкур аз ду адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва оксигенератор, 400 дона ниқобҳои пластикӣ, беш аз 200 дона ниқобҳои яккарата, зиёда аз 600 адад либосҳои муҳофизатӣ, айнакҳо ва маводҳои зиддисептикӣ иборат мебошанд. Ман аз номи кормандони техникию тиббии Раёсати тандурустии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин соҳибкори муваффақи кишвар сипосу эҳтироми беандозаи худро баён месозам”,- гуфт Нурбибӣ Азизова.

Ҳоло дар маркази тибби оилавии вилоят 63 нафар табибон ва 325 нафар ҳамшираҳои шафқат фаъолият доранд. Ба гуфтаи табибон маҳз чунин ҳамбастагию иттиҳод буд, ки ба аксарияти беморони сироятёфта  сари вақт кумаки тиббӣ расонда шуд ва пас аз шифо ёфтан онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Ҳоло дар беморхонаи ноҳия танҳо се нафар аз беморон боқӣ мондаанд, ки рӯзҳои наздик ба хонаҳояшон бармегарданд.

Июнь 9, 2020 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»