Сокинони шаҳри Бӯстон имкон доранд ҳамарӯза маҳлули ройгони хлор дастрас намоянд
ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар баробари ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди шаҳр тариқи нақлиёти махсуси хизматӣ ва дастгоҳҳои безараргардонӣ, инчунин Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ маҳлули хлорро ройгон дастрас менамояд.
Тавре аз шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз рӯзҳои нахустини ба қайд гирифтани бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар шаҳри Бӯстон тадбирҳои безараргардонӣ ва пешгирикунанда роҳандозӣ шудаанд. Аз ҷумла бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, фаъолияти масъулин тақвият бахшида шудааст.
Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.
Шурӯъ аз охирҳои моҳи апрели соли 2020, яъне аз лаҳзаи дар Тоҷикистон ба қайд гирифтани бемории сироятии коронавирус то ин дам ба зиёда аз 780 нафар сокинони шаҳри Бӯстон, ки хоҳиши шахсан дар манзилҳояшон гузаронидани корҳои безараргардонӣ доранд ва ё тариқи пешниҳоди раисони маҳаллаҳо беш аз 11 тоннаву 700 литр маҳлули хлор дастрас карда шуд.
Тибқи иттилои директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Бӯстон Зайнулло Тешаев, дар Марказ захираи кофии маҳлулҳои безараргардонӣ мавҷуд буда, сокинон бемамониат имкон доранд ройгон маҳлули хлор дастрас намоянд.








Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд






