ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июн, сешанбе, 182-юмин рӯзи соли 2020 аст

Июнь 30, 2020 08:00

30 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ёвари вақти котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилд  ҳамгироии муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро муҳокима намуданд.

***

3 сол пеш, 30 июни соли 2016 «Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1940 дар шаҳри Душанбе комбинати гӯшт ба истифода дода шуд.

30 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Гватемала — Рӯзи артиш.

***

Дар Ҷумҳурии Демократии Конго  — Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Салвадор –Рӯзи кормандони бонк.

***

Дар Муғулистон — Рӯзи қабули Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

 30 июни соли 2010 татбиқи Лоиҳа оид ба ислоҳоти замини Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID), ки  барои тақвият ва ҳифзи ҳуқуқи истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, расман оғоз гардид.

***

30 июни соли 2014 «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои солҳои 2014-2017» тасдиқ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1894 машҳуртарин кӯпруки Лондон — «Тауэр-бриҷ» ба истифода дода шудааст.

***

30 июни соли 1944 Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

***

25 сол пеш, 30 июни соли 1994 шумораи маҳбусони ИМА ба 1 миллион нафар расид.

***

30 июни соли 1999 дар Ню-Йорк ҷаласаи махсуси СММ оид ба баланд бардоштани нуфузи аҳолӣ баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1954 дар ИМА расиде ба қайд гирифта шуд, ки маблағаш дар ҷаҳон аз ҳама бештар, яъне 4 миллиарду 176 миллиону 969 ҳазору  623 доллар ва  57 сентро ташкил дод.

***

Соли 1996 дар Англия фиринии (таоме, ки аз биринҷ ё ягон ярмаи дигар бо шириниҳо ва меваҳо пухта мешавад) аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон истеҳсол шуд, ки  зиёда аз 46 метри мураббаъ масоҳат дошт.

***

Соли 1964 Моҳтоб аз масоҳати наздиктарин аксбардорӣ шуд.

Июнь 30, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш