Табибони Полша ба хизматрасонӣ ва дастгоҳҳои Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» баҳои баланд доданд

Июнь 13, 2020 13:49

ДУШАНБЕ, 13.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12  июн мутахассисони  соҳаи тибби Полша аз Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дидан намуда, бо фаъолияти баъзе аз шуъбаҳои он шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздид табибони Полша бо фаъолияти  шӯъбаи ҷарроҳии  соматикаи кӯдакона ва шӯъбаи бистаринамоии калонсолон шинос шуда, ба рафти хизматрасонӣ ва дастгоҳҳои дар онҳо насбшуда баҳои баланд доданд.

Онҳо ҳамчунин бо табибони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мулоқот карда, оид ба  масъалаҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нав табодули афкор намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, гурӯҳе аз ин табибон ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар карда, аз вазъи беморхонаҳо ва ҳолати гирифторони COVID-19 шинос шуд ва бо табибони маҳаллӣ мулоқот кард.

Мавриди зикр аст, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ шоми 6 июн ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Июнь 13, 2020 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн