Тоҷикистон моҳҳои октябр ва ноябр бо дастаҳои мунтахаби Муғулистон, Япония ва Мянма рақобат мекунад

Июнь 8, 2020 16:29

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. КФО дар машварат бо ФИФА рӯзҳои доиршавии рақобатҳои ояндаи даври муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон 2022-ро муайян карданд. Ҳамин тариқ, бозиҳои даври 7-ум ва 8-ум рӯзҳои 8-ум ва 13-уми октябри соли равон  баргузор мегарданд. Хотиррасон мешавем, ки ин вохӯриҳо бояд моҳи март ва июн гузаронида мешуданд, аммо бо сабаби бемори  коронавирус ба таъхир гузошта шуданд. Қобили зикр аст, ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи «F» аст, бояд рақобаташро санаи 8 октябр бо дастаи мунтахаби  Муғулистон доир кунад. Боз ду рақобати дигарро шогирдони Усмон Тошев бо  дастаҳои   мунтахаби Япония (12 ноябр, дар меҳмонӣ) ва бо Мянма (17 ноябр, дар хона) баргузор мекунанд.  Мавзӯъро мазкуро  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 19 ноябри соли 2019, дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек бозии даври 6-уми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои футболи  мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон  дар як сатҳи баланду хотирмон баргузор гардида буд, ки   дар ин рақобти ҷолиб  дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон  баробар бози намуда ин сабқат бо ҳисоби мусовӣ 1:1 хотима ёфта буд.

Қобили зикр аст, ки  шогирдони Усмон Тошев  дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати  ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бар дастаҳои  мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда, аз дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби 0:3 мағлуб гаштааст.

Дастаи мунтахаби Япония  ба ҷуз аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дигар дастаи мунтахаби Мянмаро бо ҳисоби 2:0 ва дастаи  мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст додааст.

Ба ин тартиб, футболбозони  Япония, ки бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «F» мақоми аввалро касб намудаанд, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи сеюми мусобиқот мебошанд.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи сеюм қарор доранд. Дастаи  мунтахаби Мянма бо шаш имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст.Футболбозони Муғулистон бошад, бо се имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудаанд.

Дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат доранд. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондиҳандаҳояшон хубтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

    Б Ғ М М Г И
1 Япония 4 4 0 0 13-0 12
2 Қирғизистон 5 2 1 2 10-5 7
3 Тоҷикситон 5 2 1 2 6-8 7
4 Мянма 5 2 0 3 5-13 6
5 Монголия 5 1 0 4 2-10 3

 Ба дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар   бозиҳои   дар пеш истода  муваффақиятҳои   беназиро  орзумандем…. Тоҷикистон ба пеш!

Июнь 8, 2020 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ -2023. Имрӯз рӯзи ниҳоии мусобиқа аст
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон се медал ба даст оварданд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа се ҷудочии Тоҷикистон ба финал баромад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз рӯзи дуюми мусобиқа доир мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
Маросими ифтитоҳи Гран-прии Душанбе-2023 доир шуд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз рӯзи аввали мусобиқа оғоз мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Рақибони ҷудочиёни тоҷик муайян шуданд
Пагоҳ дар Душанбе аввалин мусобиқаи «Dushanbe Grand prix-2023» оид ба ҷудо оғоз мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз маросими қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад