ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Данғара комплекси муҳташами парандапарварӣ ба истифода дода мешавад

Июль 6, 2020 14:44

ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ ба истифода  дода мешавад. Ин комплекси муҳташами парандапарварӣ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи мазкур  бунёд гардида, мувофиқи лоиҳа, дар ин ҷо 24 бинои мурғхона — ҳар кадом бо дарозии 96 метр бунёд мегардад. Ҳоло дар минтақаи мазкур  корҳои сохтмонии  12 мурғхона бомаром  идома  дорад. Роҳбарияти  корхонаи мазкур    бо  мақсади сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат бо гӯшти болаззати парҳезӣ дар шаҳри Душанбе бунёди бинои салоҳхонаи фабрика барои забҳи парандаро  ба нақша гирифтааст.

Тавре муовини раиси Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара Фарҳод Саймуродзода  ба   хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  фабрикаи парандапарварӣ   яке аз  калонтарин  иншооти ҷашнӣ маҳсуб ёфта, самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур  истеҳсоли гӯшти парандаи зотӣ (Бройлер) мебошад.

Тибқи иттилои  роҳбари ширкати  сохтмонии «Мармарӣ» Ҷаҳонгир Раззоқов иқтидори истеҳсолии  корхонаи парандапарварӣ  дар як сол  зиёда  аз 5140 тонна гӯшти парҳезиро ташкил дода, тибқи лоиҳа, дар дохили он  2 сардхонаи муосир барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр бо ғунҷоиши 1 ҳазору 200 тонна гӯшт сохта мешавад. Маҷмааи парандапарварӣ аз 30 иншоот, аз ҷумла биноҳои мурғхонаҳо, инкубаторӣ, анбор, санитарӣ, маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Пас аз пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварӣ дар он 270 нафар ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт.

Баъди ба истифода додани комплекси парандапарварӣ дар навбати аввал тухми инкубатсионӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Тибқи нақша,  дар оянда  корхона баҳри паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва аз байн бурдани вобастагӣ аз воридоти он аз хориҷи мамлакат  истеҳсоли тухми инкубаториро дар дохили корхона ба роҳ мемонад.

Мутобиқи лоиҳа, обе, ки пас аз забҳи мурғ боқӣ мемонад, тавассути таҷҳизоти махсуси тозакунӣ коркард ва барои шустушӯи мурғхонаҳо, инчунин, обёрии заминҳои назди корхона истифода бурда мешавад.

Ҳамчунин, дар ин корхона дар оянда коркарди пурраи гӯшти паранда ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногун дар назар аст. Ҳамаи техникаҳо, хатҳои истеҳсолӣ ва технологияи корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2019 дар  оғози сохтмони ин  фабрикаи парандапарварӣ иштирок намуда, хотиррасон карданд, ки дар сурати ба фаъолият шурӯъ кардани ин комплекси муҳташами парандапарварӣ дар мавзеи Себистон истеҳсоли гӯшти паранда ба беш аз 5 ҳазор тонна расонда, воридоти гӯшти паранда аз хориҷи ҷумҳурӣ  якбора 40 фоиз коҳиш меёбад.

 

Июль 6, 2020 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Риёз иштирок намуд
Одил Рено-Бассо: «Ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Тоҷикистонро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд»
Дар ноҳияи Данғара Фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Имсол дар вилояти Суғд ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад