ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Рашт мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бартараф мегардад
РАШТ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як зумра иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдою каҳвахона, чоҳҳои амудию хатҳои оби нӯшокӣ, хонаҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикану маҳсулоти қаннодӣ, нуқтаи таъмири нақлиёти сабукрав ва биноҳои хизматрасонии тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия 315 адад бинову иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 27 иншоот дар соҳаи маориф бунёд мегардад, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои масъулини бахши меъмории ноҳияи Рашт, то соли 2019 160 иншоот ба истифода дода шуда, дар соли 2020 25 иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда идома дорад.
Муовини раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода иброз дошт, ки бунёди биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт асосан дар партави ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар шудани шароити таҳсил ва сифати таълиму тарбия роҳандозӣ шудааст, зеро солҳои охир бо афзудани шумораи хонандагон нарасидани синфхонаву кабинетҳои фаннӣ ба назар мерасад. Ин аст, ки дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги дар назди 6 муассисаи таълимии ҷамоатҳои деҳоти Қалъанак, Нусратулло Махсум, Қалъаи Сурх ва Ясман аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорони саховатманд ва аҳолӣ барои 800 ҷойи нишаст бино ва синфхонаҳои нави таълимӣ бунёд шуданд.
Тибқи иттилои мудири бахши меъмории ноҳияи Рашт Саъдулозода Баҳром, бинои иловагии шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия бо таъмини таҷҳизотҳои замонавӣ ва 20 кат аз ҳисоби Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Инчунин 3 чоҳи амудӣ барои таъмини аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Руноби Ҷамоати деҳоти Аскалон, маркази савдо ва қаҳвахона, 5 хонаи истиқоматии иборат аз ду ҳуҷрагӣ дар шаҳраки Ғарм, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикану маҳсулоти қаноддӣ дар деҳаи Ҳисораки Ҷамоати деҳоти Ясман ва нуқтаи таъмири нақлиёти сабукрав дар деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак бо саҳми соҳибкорони ватандӯст сохта ба истифода дода шуд, ки ин амалҳои хайр барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва фарохам овардани ҷойҳои нави корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мусоидат мекунад.

Мудири бахши кор бо ҷовонон ва варзиши ноҳияи Рашт Сайидакбар Давлатзода зикр намуд, ки сокинони ноҳия баҳри солимии фарзандони хеш дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 10 варзишгоҳҳои хурду бузургро бо саҳми худ ва соҳибкорони маҳалӣ бунёд намуданд, ки имрӯзҳо ҷавонони ноҳия он майдончаҳои варзиширо самаранок истифода намуда, дар мусобиқаҳои варзишии ноҳия фаъолона иштирок менамоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






