ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Рӯзҳои наздик дар Душанбе дуюмин эстакадаи сесатҳа ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 06.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик эстакадаи сесатҳаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Сохтмони эстакадаи сесатҳаи мазкур дар доираи амалишавии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе», дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Ин эстакада аз роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгир мебошад»,-афзуд манбаъ.
Дар доираи ин лоиҳа инчунин сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳу гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар назар аст.

Ин эстакадаи сеқабатаи замонавӣ бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва гузариши пиёдагардонро дар ин қитъаи роҳ таъмин менамояд. Бояд гуфт, ки ин мавзеъ яке аз ҷойҳои серодами шаҳр буда, ҳамарӯза онро теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёт убур менамуданд, ки он боиси танбашавии роҳ ва рух додани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегардид.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани онҳо бунёди эстакадаҳои сесатҳа (роҳҳои болои ҳам)-ро дар шаҳр ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, 5 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи расмии аввалин эстакадаи сеқабата дар мамлакат иштирок намуданд. Ин далели таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат дар ин самт ва аз ҷониби дигар, қадами муҳиме дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии ҳукумати мамлакат – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки то соли 2040, яъне дар доираи амалишавии Нақшаи генаралии шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат 20 адад чунин чорроҳаҳои сесатҳа сохта мешаванд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






