ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Рӯзҳои наздик дар Душанбе дуюмин эстакадаи сесатҳа ба истифода дода мешавад

Июль 6, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 06.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик эстакадаи сесатҳаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Сохтмони  эстакадаи сесатҳаи мазкур дар доираи  амалишавии  марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе»,  дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Ин эстакада аз  роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили  Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгир мебошад»,-афзуд манбаъ.

Дар доираи ин лоиҳа   инчунин сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳу гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар назар аст.


Ин  эстакадаи  сеқабатаи замонавӣ бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва гузариши пиёдагардонро дар ин қитъаи роҳ таъмин менамояд. Бояд гуфт, ки ин мавзеъ яке аз ҷойҳои серодами шаҳр буда, ҳамарӯза онро теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёт убур менамуданд, ки он боиси танбашавии роҳ ва рух додани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегардид.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт,  бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин  ба меъёрҳои  ҷаҳонӣ мутобиқ намудани  онҳо бунёди эстакадаҳои  сесатҳа  (роҳҳои болои ҳам)-ро  дар  шаҳр   ба  роҳ мондааст.

Аз ҷумла, 5 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи расмии аввалин эстакадаи сеқабата дар мамлакат иштирок намуданд. Ин далели таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат дар ин самт ва аз ҷониби дигар, қадами муҳиме дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии ҳукумати мамлакат – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки то соли 2040, яъне дар доираи амалишавии Нақшаи генаралии шаҳри Душанбе  дар пойтахти мамлакат 20 адад  чунин чорроҳаҳои сесатҳа сохта мешаванд.

Июль 6, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад