ҲАДАФИ АСОСӢ – ДАСТГИРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мутахассиси Вазорати рушди иқтисод ва савдо шарҳ медиҳад

Июль 10, 2020 16:11

ДУШАНБЕ, 10.07.2020. /АМИТ «Ховар»/.Тавре қаблан иттилоъ додем,  5 июни соли равон  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Тибқи фармони мазкур ба як қатор субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра ё қисман аз фаъолият бозмондаанд як зумра имтиёзҳо пешбинӣ карда мешаванд. Дар ин иртибот   шореҳи иқтисодии АМИТ «Ховар»  бо сармутахассиси Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Собир ТАШРИПОВ суҳбат намуд.   

АМИТ «Ховар»:Тибқи Фармони зикршуда ба кадом самту соҳаҳо имтиёзу дастгириҳо пешбинӣ мешавад?

С. Ташрипов: — Фармони мазкур аз ҷониби Сарвари давлат  бо мақсади дастгирии қишри осебпазири ҷомеа ва ҷорӣ намудани имтиёзҳо ба соҳибкорони инфиродӣ, муассисаҳои тиббиву маишӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти мамлакат ба  имзо расид. Аз ҷумла, тибқи ин фармон бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар гардидааст. Аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозӣ манъ карда мешавад. То охири соли 2020 мавқуф гузоштани баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ пешбинӣ шудааст, ки ба кам шудани хароҷоти корхонаву хоҷагиҳо ва сатҳи таварруми ҷумҳурӣ  мусоидат намуда, ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад.

Инчунин бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 паст намудани меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз, ҷудо намудани маблағҳои қарзии имтиёзнок аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрока ва тиббӣ, бахусус соҳибкорзанҳо пешбинӣ гардид. Дар фармони мазкур ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сироятии СOVID-19 ҷалб мешаванд иловапулӣ ҷорӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар»:Дар асоси фармони мазкур ба муҳлати муайян бархе аз  субъектҳои соҳибкории хурду миёна аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод карда мешаванд, ба ҳамин масъала равшанӣ меандохтед.

С. Ташрипов: — Тавре маълум аст қисми бештари соҳибкорони хурду миёна иҷоранишин буда, дар ҳудуди муассисаҳои давлатӣ моликияти давлатиро тибқи шаодатномаи иҷора истифода мебаранд.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорони хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ аз 1 май то 1 августи соли 2020 озод карда мешаванд, ки барои соҳибкорӣ хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

АМИТ «Ховар»: Ба ҷуз меҳмонхонаҳо боз ба  ошхонаву осоишгоҳ ва дигар марказҳои хизматрасони таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ  гардидааст. Ба тавре возеҳ бигӯед, ки ба киҳо ва чи гуна имтиёз пешбинӣ мегардад?

С. Ташрипов: — Бояд дар назар дошт, ки аз 30 апрели соли 2020 бозорҳои ғайриозуқа ва баъдан муассисаҳои хизматрасонӣ бо сабаби пешгирии паҳншаваии СOVID-19 фаъолияташон қатъ карда шуд.

Тибқи фармони мазкур дар баробари меҳмонхонаҳо, боз ба иншооти  сайёҳӣ, ташкилотҳои  хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 пешбинӣ карда мешаванд. Илова бар ин, дар давраи зикршуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳа ҳисобкунии фоизҳо барои саривақт пардохт нагардидани андозҳо аз тарафи ин корхонаҳо манъ карда мешавад. Ҳамзамон бояд зикр  кард, ки бо сабаби баста шудани муассисаҳои  мазкур  соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда бекор ва қисми бештари онҳо бе сарчашмаи даромади иловагӣ монданд. Бо мақсади дастгирии ин гурӯҳи соҳибкорони инфиродӣ онҳо аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»:Ин иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ, соҳибкорони хурду миёна, бахшҳои осебпазир ва дар маҷмӯъ ҷиҳати пешгирӣ аз таъсири СOVID-19 соҳаҳои иқтисоди миллӣ то кадом андоза муҳиму саривақтӣ буд?

Иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  басо муҳиму саривақтӣ буда, ҷиҳати таъмини фаъолияти бахшҳои осебпазири иқтисодиёт, кам намудани сарбории молиявии соҳибкорони хурду миёна, расонидани кумакҳои молиявӣ ба қишри осебпазири ҷомеа ва таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарифи кишвар мусоидат хоҳад кард. Дастгирии давлатӣ барои ин табақаи ҷомеа муҳим буда, барои нигоҳ доштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад.

АМИТ «Ховар»:Ба андешаи Шумо ҷиҳати пешгирӣ  аз таъсири ҷиддии СOVID-19  ба  соҳаҳои иқтисоди миллӣ чӣ тадбирҳоро метавон боз рӯйи кор гириф?

 С. Ташрипов: — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали хуруҷи пандемияи коронавируси COVID -19 дар ҷаҳон вобаста ба пешгирии паҳншавии ин вирус ва коҳиш додани  таъсири манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии  мамлакат  тадбирҳои судманд андешида истодааст. Яке аз чунин тадбирҳо ин қабул ва мавриди амал қарор гирифтани  «Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва камкардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ» мебошад. Татбиқи нақшаи чорабиниҳои зикршуда ба дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон ва табақаҳои аҳолии осебпазир, инчунин таъминоти иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар асоси дастуру супоришҳои  Президенти мамлакат таъмини фаъолияти шабонарўзии бахшҳои иқтисодӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва заминҳои кишт, зиёд намудани истеҳсол ва захираи маводи хўрока, рушди саноат ва соҳаҳои коркарди маҳсулот муҳим мебошад. Танҳо бо истеҳсол намудан мо метавонем таъсири манфии бемории сироятиро ба иқтисоди миллии мо коҳиш диҳем.

 

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
шореҳи иқтисодии АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2020 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000 дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидааст
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст
Тоҷикистон ва Узбекистон дар самтҳои рушди ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳо ва ҳамгироии рақамӣ ба мувофиқа расиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат меёбад
Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаи захираҳои гидроэнергетикӣ аст
Сертификатсияи стандартҳои ESG барои кормандони Вазорати молия бо намояндаи Nasdaq баррасӣ гардид
Дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои энергетика ва нафту газ баррасӣ шуд
Дар Душанбе масоили технологияҳои молиявӣ ва навовариҳо ҳамчун муҳаррики сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Афзалияти стратегии Тоҷикистон дар самтҳои идоракунии устувори молияи давлатӣ, молияи «сабз» ва иқлим дар Амрико баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии VIII Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Русия» иштирок намуд
Меҳргон иди кишоварзону олимон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст
Дар шаҳри Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир баргузор гардид