14 нафар соҳибкорзанон соҳиби гранти Раиси вилояти Хатлон гардиданд

Ноябрь 12, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест-2025» ба 14 нафар соҳибкорзанон ба маблағи умумии 245 ҳазор сомонӣ гранти Раиси вилояти Хатлон дар соли 2025 тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Грантҳои Раиси вилояти Хатлон барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ гардидаанд.

Дар вилояти Хатлон зиёда аз 30 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ки аз онҳо тақрибан 20 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 2024-2025 дар доираи дастгирии ташаббуси таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба 44 нафар занони соҳибкор грантҳои Раиси вилоят супорида шуданд. Ин грантҳо ба рушди бахшҳои кишоварзӣ ва ҳунармандӣ равона гардидаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 12, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид