Дар Душанбе роҳбарони сохторҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Эрон мулоқот анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Пурфарзона баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла зиёд намудани шумораи парвозҳо ва ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар самтҳои Киш–Душанбе, Киш–Хуҷанд ва Шероз–Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар доираи татбиқи сиёсати «Осмони кушод», ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, барои тамоми намуди хизматрасониҳо, фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба андозаи 40 фоиз тахфиф пешбинӣ шудааст. Ин иқдом бо мақсади ҷалби ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои авиатсионӣ роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамчунин, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои такмили ихтисоси мутахассисон ва ташкили курсҳои омӯзиширо баррасӣ намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки айни ҳол байни ду мамлакат аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкати ҳавопаймоии «Вориш Эйрлайнз» парвозҳоро анҷом медиҳанд.
Ҳамзамон таъкид кардан ба маврид аст, ки шурӯъ аз 17 ноябри соли 2025 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Раймонд Эйрлайнз» парвозҳои мунтазам дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад ҳафтае ду маротиба оғоз мегарданд.
Дар идомаи ҳамкориҳои судманд, аз 28 ноябри соли 2025 оғози парвозҳои чартерии ширкати ҳавопаймоии «Киш Эйрлайнз» дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш ба нақша гирифта шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Эрон бо даъвати ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф овардааст.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






