Дар форуми «Хатлон Инвест-2025» 30 ёддошти тафоҳум ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи мулоқоту тавофуқи ҳосилшуда байни доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» 30 ёддошти тафоҳум ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025», ки 11 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Бохтар оғоз гардид, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилояи Хатлон, инчунин тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест-2025» намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муҳими Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратию сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони расмии минтақаҳои беш аз 20 кишвар, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд иштирок намуда, намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлонро тамошо карданд.
Кори форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар бахшҳои «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир», «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» ва «Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» идома ёфт. Дар ин ҷаласаҳо оид ба механизмҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ, имконияти сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пешбурди лоиҳаҳои инфрасохторӣ бо истифода аз механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ, имконияти сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ муаррифӣ гардиданд. Инчунин роҳбарону намояндагони вазорату илораҳои мамлакат ва шарикони рушд доир ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ барои сармоягузорон дар сатҳи вилоят, брендинг ва рақамикунии содирот: «Made in Khatlon», таъсис ва таблиғи брендҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, имконият барои рушди соҳибкорӣ тавассути рақамисозӣ, шаклҳои муосири сармоягузорӣ, механизм ва имконияти маблағгузории Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон, ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдии роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар ва дигар масъалаҳои муҳими самти рақамикунонӣ, ташкили кластерҳои агроиндустриалӣ ва коркарди маҳсулот дар вилояти Хатлон, тақвияти корхонаҳои бастубандӣ, яхдонҳо ва коркарди сабзавоту мева, иқтидори содиротии мамлакат, «Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — омили пешрафти соҳибкории занон» ибрози назар намуданд.
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвкест-2025» силсиламулоқотҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар шакли В2В баргузор гардид.
Интизор меравад, ки имрӯз иштирокдорон ва меҳмонони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» корхонаҳои истеҳсолию саноатии вилояти Хатлон ва ҳамзамон Фестивали анор дар шаҳри Норакро тамошо намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон













Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»






