Ҳаким Фузайлов сармураббии дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 13.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Собиқ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва тими футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҳаким Фузайлов сармураббии нави дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд интихоб гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
«Ҳаким Фузайлов давоми чанд моҳ дар дастаи футболи «Каганат»-и Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият мекард. Бо сабаби он, ки сармураббии пешинаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд Никола Лазаревич дар ин давраи мушкил аз Сербия ба Тоҷикистон омада наметавонад, роҳбарияти дастаи мазкур тасмим гирифтанд, то охири мавсим бо Ҳаким Фузайлов ба ҳайси сармурабии ин даста қарордод ба имзо расонанд», — афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар ҷадвали Лигаи олӣ Тоҷикистон баъди дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 19 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






