Боронҳои пуршиддат ба хоҷагиҳои деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳияи Деваштич зарари моддӣ расониданд
ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 июли соли равон бар асари боронҳои пуршидат ба хоҷагиҳои деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳияи Деваштич зарари моддӣ расиданд. То имрӯз аз тарафи ширкати «IRS» бо ҷалби 3 адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ ва 1 адад автогрейдер корҳои бартарафсозӣ оғоз гардида, ҳолати баамаломада пурра бартараф ва ҳаракати нақлиёт таъмин гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тавре сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд иттилоъ дод, аз соати 17:30 бар асари боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳияи Деваштич сел ба заминҳои кишт ва хонаҳои мардум сарозер шуда, ба бархе хоҷагиҳои ноҳия зарари моддӣ расонид.
Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Деваштич дар ҷои ҳодиса барои бартарафсозии пайомадҳои сели харобкор фаъолият дорад ва тибқи маълумоти расида, ин офати табиӣ 15,76 гектар заминҳои кишти картошка, сабзӣ, ҷав, беда, 5 пулро дар деҳаи Овчӣ хароб кардааст. Инчунин 13 ҳазору 765 метр хатти обҳои нӯшокӣ ва полезӣ, 5 км роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо ва 2 км роҳи ноҳиявӣ зарар дидаанд. Сел ҳамчунин ба 13 таҳхонаи манзили истиқоматии сокинони деҳаи Овчӣ ворид шудааст.
Ҳамчунин тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, 26 июл бар асари борони пуршиддат дар километри 128-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Айнӣ сел омад, ки дар натиҷа роҳи ҳаракати нақлиёт дар мавзеи зикршуда муваққатан баста шуд.








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






