Бостоншиносон дар Тоҷикистон ба тадқикоти мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон оғоз карданд

Июль 4, 2020 10:53

ДУШАНБЕ, 04.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби шуъбаи бостоншиносии Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тадқиқоти бостоншиносӣ оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Бино ба иттилоӣ манбаъ, аввалин маротиба ин мавзеи таърихӣ соли 1875  кашф гардида буд. Дар харитае, ки ҳамон солҳо олимон тартиб доданд, дар соҳилҳои дарёи Вахш ду нуқта дар масофаи 2 км дуртар аз якдигар ҷойгир буда, яке Лехма ва дигаре Лехмаи ҷанубӣ номгир шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, дар наздикии деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Узун ҷойгир шуда, 42,5 гектарро ташкил медиҳад.

Ба гуфти бостоншиносон, шаҳрак аз чор дарвоза иборат буда, дарвозаҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд. Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт ва соҳаи кишоварзияш хеле тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Зеро аз натиҷаи тадқиқоте, ки то имрӯз ба даст омадааст, ин мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон маркази минтақаи азими кишоварзӣ дар замони худ будааст.

Июль 4, 2020 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид